Бозтоби густардаи паёми Раҳбари Инқилоб дар расонаҳои байналмилалӣ
Порс тудей - Паёми муҳими Раҳбари Инқилоб бозтоби густардае дар расонаҳои байналмилалӣ ба ҳамроҳ доштааст. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , ҳазрати оятуллоҳ Сайиди Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ дар паёме зимни қадрдонии самимона аз ҳузури даҳҳомиллионии мардуми Эрону Ироқ дар маросими ташйиъи « Оқои шаҳиди Эрон » , хитоб ба Имоми шаҳиди уммат таъкид карданд : Аҳд мебандем, ки интиқоми хуни поки шумову ҳамаи шаҳидони ин ду ҷангро аз қотилони ҷинояткор ва беобрӯ бигирем.
Ин ҷинояткорон, ки феҳристӣ аз садр то зайлашон мавҷуд аст , орзӯи марги ором ва дар бистарро бо худ ба гӯр хоҳанд бурд. Ин паёми раҳбарӣ бозтоби густардае дар расонаҳои ҷаҳони Араб ба ҳамроҳ доштааст .
Хабаргузории « Анатолия »-и Туркия дар пӯшиши паёми Раҳбари Инқилоб, таъкиди ишон бар интиқоми хуни Оқои шаҳиди Эронро унвон кард ва навишт : Раҳбари Инқилоби Эрон таъкид кард, ки интиқоми хуни падару раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ , оятуллоҳ Алии Хоманаӣ , мутолибаи миллат асту қатъан бояд иҷро шавад.
Дигар хабаргузориҳои англисизабон аз ҷумла Райтер , Алъарабия , Ядиъут оҳоронут ва АПА ( хабаргузории Ҷумҳурии Озарбойҷон ) низ таъкиди раҳбар бар интиқоми хуни раҳбари шаҳиди Эронро унвон карданд.
Расонаи лубнонӣ Ан-нашра навишт : Раҳбари Эрон гуфт : « Мо интиқоми хуни Хоманаиву шуҳадои ду ҷанги гузаштаро хоҳем гирифт ; ин хостаи мардуми мост ва бояд муҳаққақ(амалӣ) шавад » .
Алмасираи Яман низ дар гузориши худ бахше аз паёми Раҳбари Инқилоб дар бораи ҳузури густардаи мардум дар маросими ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳид ва таъкиди ишон бар хунхоҳии шаҳидон ва ҳатмӣ будани онро мавриди тавваҷуҳ қарор дод.
Шабакаи ал-Манори Лубнон ҳам гузориш дод : Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ хитоб ба Сайиди шаҳид : Бо шумо аҳд мебандем, ки интиқоми хуни поки Шуморо бигирем ва ин интиқом хости мардуми мост ва бояд муҳаққақ шавад.
Расонаи мисрии Мисраоӣ низ навишт : Хоманаӣ ваъдаи интиқом дод ва гуфт : Интиқоми хуни шуҳадоро хоҳем гирифту қотилон ба ном шинохта шудаанд.
Алқудси алъарабӣ ҳам навишт : Муҷтабо Хоманаӣ бар хунхоҳии падараш таъкид кард .
Расонаи қатарии Араб 21 навишт : Муҷтабо Хоманаӣ пас аз маросими ташйиъи падараш ваъдаи интиқом дод ва эълом кард, ки қотилони падараш орзӯи марги ором ва дар бистарро бо худ ба гӯр хоҳанд бурд.
Шабакаи Алмаёдини Лубнон гузориш дод : Оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ дар паёме ба муносибати ташйиъи пайкари раҳбари Инқилоби исломӣ фармуданд : Интиқом , хости мардум аст ва ба таври ҳатм муҳаққақ хоҳад шуд .
Ин расонаи лубнонӣ навишт : Оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ , раҳбари муаззами инқилоби Ҷумҳурии исломӣ дар паёми худ, бар пайбандӣ ба роҳи шаҳидон таъкид ва изҳор доштанд, ки интиқоми хӯни Раҳбари шаҳиду хуни шуҳадо хости мардум аст ва ҳатман муҳаққақ хоҳад шуд.