Июн 20, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба дабири кулли Созмони милал шикоят кард

Намояндаи доими Эрон дар Созмони милал дар номае ба дабири кулли ин созмон, изҳороти ахири вазири хориҷаи Амрико дар бораи талош барои ҳамвор кардани роҳи интиқоли қудрат дар Эронро гувоҳи равшане аз мудохилаҷуии Вашингтон донист.

Ба иттилои Ирно, Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе 14 июн дар Кумитаи равобити хориҷии Сенати ин кишвар дар изҳороте хасмона ва хилофи қавоиди ҳуқуқи байналмилал таъкид карда буд, Амрико аз аносури дохилӣ дар Эрон, ки битавонанд ба Вашингтон дар интиқоли сулҳомези қудрат кумак кунанд, пуштибонӣ хоҳад кард .

Ғуломалии Хушру, намояндаи доими Эрон дар Созмони милал дар номаи худ ба Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милал, ин изҳороти хасмонаи вазири хориҷаи Амрикоро баёнгари тарҳе мудохилаҷуёна ва густохона аз сӯи Вашингтон хонд, ки бо тамомии ҳанҷорҳо, усули ҳуқуқи байналмилал ва низ матну рӯҳи маншури милали муттаҳид муғойират дорад .

Намояндаи доими Эрон дар Созмони милали муттаҳид ҳамчунин тасреҳ кард: Ин изҳороти Тиллерсон нақзи сареҳи қарордоди Алҷазоир (1981) ва дигар муоҳидоти Амрикост, ки ин кишварро ба сиёсати мудохила накардани мустақим ё ғайримустақими сиёсӣ ё низомӣ дар умури дохилии Эрон мутааҳҳид мекунад .

Хушру бо ишора ба инки мардуми Эрон борҳо собит кардаанд, ки танҳо худ барои сарнавишташон тасмим мегиранд, таъкид кард: Талошҳои Амрико барои мудохилаҷуӣ дар умури дохилии Эрон маҳкум ба шикаст аст ва ин бархурд бояд аз сӯи тамоми кишварҳои ҷаҳон маҳкум шавад .