Июн 23, 2017 11:27 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Рӯзи Қудс, намоди мубориза бо истикбор ва султагарони ҷаҳонӣ

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нишасте бо ҷамъе аз устодон, аъзои ҳайъатҳои илмӣ, пажуҳишгарон ва нухбагони донишгоҳӣ бо ташреҳи нақши бебадили устодони донишгоҳҳо дар парвариши донишҷӯён ва шаклдиҳӣ ба ҷойгоҳи Эрон дар ҷаҳони бисёр пурмасъалаву пуртаҳаввули оянда, рӯзи ҷаҳонии Қудсро бисёр муҳим хонданд.

Эшон таъкид карданд: “Ин рӯзи гиромӣ, сирфан эъломи ҳимоят аз як миллати мазлум нест, балки намоди мубориза бо истикбор ва султагарони ҷаҳонӣ аст, ба ҳамин иллат, сиёсатмадорони Амрико аз ин ҳаракат, эҳсоси зарба ва душманӣ ме‌кунанд”.

Раҳбари муаззами инқилоб дар баёноташон ду масъалаи муҳимро мавриди таваҷҷуҳ ва таъкид қарор доданд, ки ҳарду дар ҳуввиятбахшӣ ба як ҷомеаи инқилобӣ ва пуёии андешаҳои раҳоибахши инқилоби исломӣ нақши калидӣ дорад.

Нахуст рисолати муҳими донишгоҳҳо дар тавлиди илму тарбияти нерӯҳои мутааҳҳид аст, ки тавонистаанд донишгоҳҳоро ба таъбири раҳбари муаззами инқилоб дар шакли кунунии он ба маркази илм, навоварӣ ва асаргузорӣ бар ҷомеа ва кишвар табдил кунанд .

Эшон дар ин замина хотирнишон карданд: “Аз рӯзе, ки донишгоҳ дар Эрон таъсис шуд, авомили султагар талош карданд, аз таҳаққуқи як ҳаракати илмии мутаносиб бо истеъдоди эронӣ ва бурузи навоварӣ ҷилавгирӣ кунанд ва ҳамчунин асаргузории донишгоҳ бар ҷомеаро аз тариқи дастгоҳҳои амниятӣ ва фарҳангии вобаста, мудирият намоянд”.

Масъалаи дуввуми ҳоизи аҳаммият дар баёноти раҳбари муаззами инқилоб зарурати таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти бисёр сареъ ва қотеъ дар ҷаҳон аст, ки даҳаҳои ояндаи ҷаҳонро бисёр пурмасъала сохтааст ва ҳама бавижа ҷавонони доншҷӯ бояд барои рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҷаҳоне парвариш ёбанд.

Онгуна, ки раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, таҳаввулоти пуршитоб дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ ниёзманди афзоиши сатҳи таҳлил ва огоҳӣ аз масоиле гуногун ва доштани истиқлол ва ҳуввият аст. Имрӯз ҷавомее, метавонанд аз истиқлол ва ҳуввияти воқеӣ бархурдор шаванд, ки нисбат ба масоил ва таҳаввулоти перомунии худ мутталеъ ва соҳиби андеша ва фикр бошанд.

Бадеҳист, ки ин ҳаракати инқилобӣ бояд ҳамроҳ бо пуёии иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ низ бошад. Чун дар ғайри ин сурат осебпазириҳо ба шиддат афзоиш хоҳад ёфт ва сарнавишти кишвар таҳти таъсири нуфуз ва сайтараи қудратҳои истикборӣ қарор хоҳад гирифт. Бо чунин дидгоҳест, ки як кишвар метавонад аз ҷомеае масъулятпазир ва пуё бархурдор шавад ва паёми худ дар бораи масоили сарнавиштсоз ва адолатхоҳонаро ба гуши ҷаҳониён бирасонад. Нигоҳи ҷумҳурии исломии Эрон ба масъалаи Фаластин аз ин вижагӣ бархурдор аст ва миллати Эрон аз ҷойгоҳе мустаҳкам ва боиқтидор аз ҳуқуқи худ ва миллати Фаластин дифоъ мекунад. Таъкиди раҳбари муаззами инқилоб бар аҳаммияти ин мавзуот ба манзалаи ҳушдоре дар ин замина низ аст, ки дар дунёи кунунӣ наметавон беҳуввият будв ва бетафовут ва бо чароғи хомуш аз канори масоил ва таҳаввулоти перомунӣ гузашт.  

Онгуна, ки раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, “Мафҳуми ҳақиқии бузургдошти рӯзи Қудс танҳо дифоъ аз як миллати мазлум, ки аз меҳан ва хонаи худ ронда шуда нест, балки имрӯз дифоъ аз Фаластин, дифоъ аз ҳақиқате бисёр густардатар аз масъалаи Фаластин аст”.

Таваҷҷуҳи низоми ҷумҳурии исломӣ ба масъалаи Фаластин низ аз он дастаи таҳаввулотест, ки дар ин мақтаи ҳассос дар ҳуввиятбахшӣ ба масъалаи Фаластин ва шиносондани аҳдофе, ки душманони ислом ва истиъморгарон дар минтақа дунбол мекунанд, таъсире сарнавиштсоз дорад.

 

Барчасп