Паёми Раҳбари инқилоб ба муносибати рӯзи Табиат
-
ҳазрати оятуллоҳ Саййид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ
“Порс-Тудей”. Раҳбари инқилоб дар паёме бо гиромидошти Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар Рӯзи Табиат, бо даъвати миллати Эрон ба кошти ниҳол ба наяти шуҳадои ҷанги таҳмилии савум, ин иқдомро намоди ободонӣ ва умед донистанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, матни паёми ҳазрати оятуллоҳ Саййид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ ба муносибати гиромидошти Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Рӯзи Табиат ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Ҳува аншаакум минал арзи вастаъмаракум фиҳо.
Миллати қаҳрамони Эрон Наврӯзи имсолро бо ҳамоса ва ғайрат аҷин кардаанд ва пас аз гиромидошти дувоздаҳуми фарвардин – Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон, ба истиқболи Рӯзи Табиат мераванд. Акнун ки душмани забуну бераҳми амрикоӣ ва саҳюнӣ ҳадду марзи инсонӣ, ахлоқӣ ва ҳаётӣ дар дадманишии худ надорад ва ҳатто фазоҳои табиӣ ва зистмуҳитии меҳани азизамонро низ мавриди ҳуҷум ва осеб қарор додааст, ҳар ҳаракате дар масири густариши ободонӣ ва сохтани ояндаи дурахшони Эрон, иқдоме шоиста ва боиста аст.
Аз ҷумлаи ин корҳои писандида он аст, ки оҳоди мардум дар ҳамаи шаҳрҳо ва рустоҳо бо кумаки якдигар ва бо ҳамкориву ҳамоҳангии дастгоҳҳои марбута аз Рӯзи Табиат то поёни баҳор, хусусан рӯзҳои фарвардинмоҳ ба кошти дарахтони мевадиҳанда ва низ муроқибатҳои баъдии мавриди ниёз иқдом кунанд.
Девсифатони кудаккуши амрикоӣ ва саҳюнистӣ навниҳолони мадрасаи Шаҷараи Таййибаро ваҳшиёна ба шаҳодат расонданд, аммо миллати Эрон ба нияти ҳамаи шуҳадо, хусусан шуҳадои ҷанги таҳмилии савум, ниҳоли умедро дар паҳнаи сарзамини худ менишонанд то ҳар як аз ин ниҳолҳо дар солҳои оянда ба шаҷараи таййиба ва дарахте пурсамар табдил шавад, иншоАллоҳ.
Саййдмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
12 фарвардини 1405