Қолибоф : Таслими душман намешавем ва бо қудрат посух хоҳем дод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125572-Қолибоф_Таслими_душман_намешавем_ва_бо_қудрат_посух_хоҳем_дод
Порс тудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард, ки таслими душман намешавем ва бо қудрат посух хоҳем дод.
(last modified 2026-09-22T14:08:51+00:00 )
Сентябр 22, 2026 19:05 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
    Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон

Порс тудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард, ки таслими душман намешавем ва бо қудрат посух хоҳем дод.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт : Имрӯз дар ҷанги таркибӣ , иқтисодӣ , низомӣ , дипломосӣ ва ғайра мо ҳаргиз таслим намешавему кишварро таътил намекунем ва бо қудрат посух хоҳем дод. Ҳамон тавр, ки то кунун посух додему душманро дар ҳамаи арсаҳо оҷиз кардем.
Вай дар бахши дигаре аз суханони худ тасреҳ кард : Трамп бо як тамаддуни торихӣ ва як муқовимати миллӣ ва динӣ мувоҷеҳ аст ; ӯ бояд бидонад, ки наметавонад қудрати худро ба миллати Эрону неруҳои мусаллаҳ таҳмил кунад.

Раиси маҷлиси Эрон гуфт : Имомони Инқилоб ва ҳазрати оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ фарҳанги ғании дифоро ниҳодина карданд ва мо устувор дар баробари ҷанги таркибӣ , низомӣ , иқтисодӣ ва расонаии душман истодаему муҳкам дар майдон ҳузур дорем.

Қолибоф хотирнишон кард : Кишвар қудрати боздорандагии пойдор дорад ва метавонем дар баробари онон биистем.
Вай афзуд : Душман бидонад музокира низ як майдони мубориза аст ; дипломосӣ таслим нест , балки табдили қудрати майдон ба дастоварди сиёсӣ аст.