Эрон: Даврони дурӯғҳои бузург сипарӣ шудааст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба иддаои расонаҳои Саудӣ мабнӣ бар боздошти се эронӣ ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои зиддиамниятӣ дар Арабистон гуфт, даврони дурӯғҳои бузург сипарӣ шудааст.
Баҳром Қосимӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Донишҷӯёни Эрон”, ИСНА гуфт, иддаои зиддиэронии саудиҳо беарзиш, бепоя ва беасосу дурӯғ аст. Қосимӣ таъкид кард, саудиҳо фаромӯш кардаанд, ки дар асри ҷадид, ки даврони тавсеаи дониш, илму андеша ва асри иттилооту иртиботот аст, дигар монанди қарнҳои гузашта наметавон дурӯғпардозӣ кард.
Расонаҳои Саудӣ ду рӯз қабл дар ҳоле иддаои боздошти се эронии машкук ба фаъолиятҳои зиддиамниятӣ дар Арабистонро мунташир карданд, ки ин хабарро ҳеҷ як аз мақомҳои Риёз низ таъйид накард.