Нигаронии Тел-Авив аз ташкили як эътилофи низомӣ алайҳи Исроил
-
Нигаронии Тел-Авив аз ташкили як эътилофи низомӣ алайҳи Исроил
Порс-Тудей. Як рӯзномаи ибризабон ба иқдомоти суратгирифта барои ташкили эътилофи низомиву амниятӣ миёни Миср, Арабистон ва Сомали алайҳи Тел-Авив ишора кард.
Рӯзномаи ибризабони “Маорив” гузориш дод, ки иқдомоти зиёде дар ростои ташкили як эътилофи низомиву амниятии ҷадид бо ҳузури Сомали аз сӯи Арабистону Миср алайҳи Тел-Авив гирифта шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, Ҳасан Шайх Маҳмуд, раиси ҷумҳурии Сомали ба Риёз сафар мекунад то тавофуқи мубтанӣ бар тақвияти амният дар дарёи Сурхро ниҳоӣ кунад.
Бар асоси ин гузориш, Миср дар моҳи сентябри гузашта низ пешниҳоди эҷоди як неруи дифои минтақаӣ дар чорчӯби муоҳидаи дифои муштараки соли 1950-ро бо ҳадафи ташкили як эътилоф муқобили таҳдидоти хориҷӣ, ба вижа Исроил ироа додааст. /Меҳр