Пойгоҳи амрикоӣ "Алминҳод" ҳадафи паҳподҳои артиши Эрон қарор гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125522-Пойгоҳи_амрикоӣ_Алминҳод_ҳадафи_паҳподҳои_артиши_Эрон_қарор_гирифт
Порс Тудей- артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳали истиқрори чархболҳо ва неруҳои амрикоӣ дар пойгоҳи "Алминҳод" Иморотро мавриди ҳуҷуми паҳподҳои инҳидоми қарор дод.
(last modified 2026-08-31T08:08:18+00:00 )
Август 31, 2026 13:06 Asia/Dushanbe
  • Пойгоҳи амрикоӣ
    Пойгоҳи амрикоӣ "Алминҳод" ҳадафи паҳподҳои артиши Эрон қарор гирифт

Порс Тудей- артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳали истиқрори чархболҳо ва неруҳои амрикоӣ дар пойгоҳи "Алминҳод" Иморотро мавриди ҳуҷуми паҳподҳои инҳидоми қарор дод.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди имруз душанбе дар посух ба таҷовузоти ахири душмани мутаҷовиз ба ҷазираи Лорк дар ҷануби Эрон, маҳалҳои истиқрори чархболҳо ва неруҳои артиши кудакуши Амрико дар пойгоҳи "Алминҳод" Иморотро бо шилики даҳҳо паҳпод ҳадаф қарор дод.

Ҳамчунин Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард: Як фарванд паҳподи MQ9 амрикоӣ бар фарози Тангаи Ҳурмуз мавриди исобат қарор гирифт ва ба дохили обҳои нилгуни Халиҷи Форс суқут кард.

Аз суи дигар неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз оташ гирифтани як фарванд супернефткаши мутахалиф дар асари исобат бо ду мини дарёӣ хабар дод.