Июл 04, 2017 13:42 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордод бо Тотал, нишонаи бозгашти фаъолони ҷаҳонӣ ба Эрон

Вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон, имзои қарордоди фазаи 11 Порси ҷанубиро нишонаи муҳиме барои бозгашт ва сармоягузории фаъолони иқтисодии аврупоӣ ва осиёӣ ба Эрон унвон кард.

Қарордоди тавсеаи фазаи 11 Порси ҷанубӣ, рӯзи душанбе миёни Ширкати миллии нафти Эрон ва Консортсиуми байналмилалии ширкати нафтии Тотали Фаронса ба арзиши чаҳор миллиарду ҳаштсад миллион доллар дар Теҳрон имзо шуд .

Бежани Номдори Зангана, вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст: Бо имзои ин қарордод хеле аз шакку тардидҳое, ки ширкатҳои хориҷӣ барои сармоягузорӣ ва кор дар Эрон доштанд, бартараф мешавад .

Номдори Зангана афзуд: Нахустин қарордоди нафтии Эрон пас аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бо се ширкати муътабар дар ҳоле имзо шуд, ки душманон намехостанд, иззати ҷумҳурии исломии Эронро бубинанд.

Вазири нафти Эрон ҳамчунин бо ташреҳи қарордоди фазаи 11 Порси ҷанубӣ гуфт: Бар асоси ин қарордоди ҳудуди панҷ миллиард долларӣ, ҳамаи корҳои хадамотӣ аз ҷумла ҳаффорӣ, сохти сакку ва насби лула ба ширкатҳои эронӣ вогузор мешавад .

 

Барчасп