Июл 12, 2017 14:32 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Эрон ва Русия дар бораи нақзи БАРҶОМ аз ҷониби Амрико

Сергей Рябков муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи сешанбе 11 июл дар нишасти хабарие дар Теҳрон бо таъкид бар лузуми риояти комили БАРҶОМ (Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак) аз сӯи ҳамаи тарафҳо гуфт: ​​​​​​​Роҳкори ҷойгузине барои БАРҶОМ вуҷуд надорад.

Рябков бо ишора ба бархе изҳороти матраҳшуда аз сӯи мақомҳои Амрико дар хусуси БАРҶОМ, афзуд: Маскав ҳар гуна талош барои бознависӣ ва ё тафсири муҷаддади БАРҶОМ-ро рад мекунад, зеро ин тавофуқ, мутавозин ва мусбат аст.

Муовини вазири хориҷаи Русия ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои зиддиэронии Амрико аз замони рӯйи кор омадани давлати Доналд Трамп таъкид кард: Ин таҳримҳо бо БАРҶОМ муғоир аст ва иқдомоти Амрико ин тавофуқро ба таври асосӣ бесубот ва тазъиф мекунад.

БАРҶОМ тавофуқе аст, ки дар чорчӯби қатъномаи 2231-и Шӯрои Амният, илзомҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ дорад ва ин масъала аз диди соири тарафҳои БАРҶОМ, яъне Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Чин аҳамият дорад. Бандҳои 26 то 29-и БАРҶОМ, эҷоб мекунад, ҳамаи тарафҳо ба иҷрои он мутааҳҳид бошанд ва Амрико низ аз ин тааҳҳуд мустасно нест.

Сайидаббоси Ироқчӣ муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири хориҷаи Эрон ва масъули ситоди пайгирии БАРҶОМ дар ин вазорат, рӯзи сешанбе дар ҳошияи дидор бо Сергей Рябков муовин вазири хориҷаи Русия дар Теҳрон гуфт: Пеш аз баргузории даври баъдии комиссияи муштараки БАРҶОМ дар 21 июл дар Вена лозим буд Эрон ва Русия мавзӯъҳоеро бо ҳам баррасӣ кунанд.

Коршиканиҳое, ки амрикоиҳо дар баробари БАРҶОМ мекунанд, мубтанӣ бар ин фарз аст, ки метавонанд аз БАРҶОМ убур кунанд, бе он ки мустақим онро нақз карда бошанд.

Андешакадаи Корнеги пештар дар ин замина ба чаҳор сенария ишора кардааст: Сенарияи нахуст фасх ва бекор кардани тавофуқномаи ҳастаӣ аст, ки зоҳиран канор гузошта шуд. Аммо сенарияи дувум, фишор бар Эрон ва тарафҳои БАРҶОМ дар ҷиҳати музокираи муҷаддад ва бознависии БАРҶОМ аст. Сенарияи севум, коршиканӣ дар иҷрои комили БАРҶОМ аст, ки ба вазъияти кунунӣ мунҷар шудааст. Аммо сенарияи чаҳорум аз нигоҳи андешакадаи Корнеги, пазириши БАРҶОМ аз сӯи Трамп ба мувозоти ҳамвор шудани роҳи бозгашти ширкатҳои амрикоӣ ба бозори Эрон аст.

Акнун зоҳиран аз байни сенарияҳои тарроҳишуда дар давраи Трамп, гузинаи ташдиди иқдомоти якҷонба дар ҷиҳати тазъифи БАРҶОМ ва эъмоли таҳримҳои ғайриҳастаӣ думбол мешавад, ки бо мусаввабаи ахири сенои Амрико ва тадвини тарҳи таҳримҳои нав алайҳи Эрон вориди марҳалаи тозае шудааст. Иқдомоти Амрико дар хусуси осеб задан ба БАРҶОМ-ро шояд битавон як тасмими якҷонба аз сӯи Кохи Сафед талаққӣ кард, аммо дар ҳар ҳол моҳияти он монеътарошӣ дар иҷрои як тааҳҳуди байналмилалӣ аст ва Амрико бояд посухгӯи оқибатҳои он бошад. Мақомҳои Амрико ногузиранд масъалаи иҷмоъсозӣ алайҳи Эронро ҳамчунон мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд. Лизо бояд мутмаин шаванд, ки то чӣ андоза дар ин замина аз ҳимоятҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Русия ва Чин бархурдор хоҳанд буд. Аз тарафе таҳаққуқи ин ҳадаф ниёзманди иҷмои сиёсӣ дар дохили Амрико низ аст. Ин дар шароите аст, ки Трамп бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои сиёсии ношӣ аз масоили амниятии Амрико дар иртибот бо Русия дар давраи интихобот дар вазъияти босуботе нест.

Бинобарин ин масъала ба таври ҷиддӣ барои Амрико матраҳ аст, ки бо таваҷҷуҳ ба мухолифатҳои байналмилалӣ дар баробари иқдомоташ, бозгашт ба гузинаи таҳримҳо кори осоне нахоҳад буд ва ба эҳтимоли зиёд сабаби инзивои Амрико хоҳад шуд.

Федерико Мугарини масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ бо таъкид бар ин, ки «БАРҶОМ» мутааллиқ ба ҷомеаи байналмилалӣ аст гуфтааст: БАРҶОМ тавофуқе нест, ки дуҷониба танзим шуда бошад ва битавон тағйире дар он эъмол кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ахири сарони қувваҳо, масъулон ва коргузорони низом ва ҷамъе аз мудирони кишвар, бо ишора ба бадаҳдиҳои Амрико дар иҷрои БАРҶОМ ҳайати назорат бар БАРҶОМ-ро ба диққат ва иҷрои комили вазоифи худ фаро хонданд ва тасреҳ карданд: Дар пазириши БАРҶОМ, шароити сареҳеро ба сурати мактуб мушаххас кардаем, ки ҳайати назорат бар БАРҶОМ бояд муроқибат кунад то ин шароит ба диққат риоят шавад.

Шакке нест, ки давлати Амрико ба унвони яке аз имзокунандагони БАРҶОМ, ин тавофуқро нақз кардааст. Тадовуми БАРҶОМ ба унвони як санади чандҷонибаи байналмилалӣ мусталзими иҷрои комили тааҳҳудот аз сӯи ҳамаи аъзо аст ва канор рафтани як узв аз ин асл метавонад онро дар маърази хатар қарор диҳад.