Июл 23, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Судури раводиди кор барои афғонҳо дар консулгарии Эрон дар Ҳирот

Консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳироти Афғонистон, судури раводид кор дар Эронро барои шаҳрвадони афғон оғоз кард.

     Ба гузориш радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузори ИРНА, Маҳмуд Афхами Рашидӣ, сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот рӯзи шанбе дар дидор бо Аминуллоҳ Озодонӣ, намояндаи вазорати умури хориҷаи Афғонистон гуфт, консулгарии Эрон дар Ҳирот ҳамаи талоши худро барои тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва такрими мутақозиёни раводиди сафар ба Эрон бакор гирифтааст.

   Афхами Рашидӣ гуфт, барои он даста аз воҷидони шароит дар Афғонистон, ки дар пойгоҳи иттилорасонии консулгарии Эрон дар Ҳирот сабти ном кардаанд ва шаш моҳ аз замони сабти номи онон сипарӣ шуда бошад, бидуни навбат, раводиди сафар ба Эрон содир хоҳад шуд.

  Аминуллоҳ Озодонӣ намояндаи вазорати хориҷаи Афғонистон дар Ҳирот низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз меҳмоннавозии Эрон аз миллионҳо муҳоҷири афғон дар тӯли чаҳор даҳаи гузашта, гуфт, ин дӯстӣ ва бародариро давлат ва миллати Афғонистон ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

  Ду тараф ҳамчунин дар ин дидор бар зарурати шитоб гирифтани иҷрои тарҳи роҳи оҳани Хоф (шимолу шарқи Эрон) ва Ҳирот (ғарб Афғонистон) бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти ин тарҳ барои Афғонистон ва минтақа, таъкид карданд.

  Тӯли масири роҳи оҳани Хоф - Ҳирот аз истгоҳи мусофирбарии шаҳристони Хофи Эрон то шаҳри Ҳироти Афғонистон 191 километр аст, ки 114 километри он дар хоки Афғонистон ва 77 километри он, дар хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон воқеъ шудааст.

 

 

Барчасп