Имзои қарордоди хариди 12 ҳавопаймои мусофирбарӣ байни Эрон ва Русия
Эрон қарордоди хариди 12 ҳавопаймои пешрафтаи мусофирбарии “Сухой Суперҷет - 100”-ро бо Русия имзо кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Александр Новак, вазири энержии Русия ва раиси русии комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Русия ва Эрон барои фурӯши 12 ҳавопаймои “Сухой Суперҷет - 100” тавофуқ карданд ва эҳтимол дорад, ки дар оянда низ қарордод барои фурӯши 30 ҳавопаймои дигар имзо кунанд.
Бар асоси гузоришҳои фаннӣ ва тахассусии ироашуда, “Сухой Суперҷет - 100” нахустин ҳавопаймои саднафараи дунёст, ки ҳеҷ тафовуте бо ҳавопаймоҳои модерни “Аэробус” надорад ва аз он ҷо ки бо фармонҳои электронӣ ҳидоят мешавад, бо камтарин мизони фишор бар халабон, бештарин диққатро дорад.
Владислав Маслов, як мақоми русӣ дар умури ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ пеш аз ин гуфта буд, ки фурӯши ҳавопаймои “Сухой Суперҷет - 100” ба Эрон ниёзманди мувофиқати тавлидкунандагони амрикоии қисмҳои эҳтиётӣ (қатаот)-и ҳавопаймост.