Август 03, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Русия: Партоби мушаки моҳворабари Эрон нақзи БАРҶОМ нест

Русия эълом кард, бар асоси тасаввури мо аз БАРҶОМ, партоби мушаки моҳворабари Эрон нақз тавофуқи ҳастаӣ нест, зеро марбут ба соири масоиле аст, ки ба сурати мустақим дар БАРҶОМ наомадааст.

   Ба гузориши хабаргузории ИТАР ТАСС, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард, Маскав партоби мушаки моҳворабари “Симурғ”-и Эронро нақзи тавофуқи ҳастаии ин кишвар бо “гурӯҳи 5+1” намедонад.

 Эъломи ин мавзӯъ аз сӯи Василий Небензя-сафири Русия дар Созмони Милал дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбии узви гурӯҳи 5+1 номаеро ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ирсол ва муддаӣ шуданд, партоби ин мушаки эронӣ, нақзи қатъномаи 2231 аст, ки дар ҳимоят аз тавофуқи ҳастаии Эрон содир шуд.

 

Барчасп