Август 09, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди нақши Англия дар кудато зидди давлати Мусаддиқ дар Эрон

Рӯзномаи англисии “Файнешнл Таймс” навишт, асноди Вазорати хориҷаи Амрико, ки ба тозагӣ аз ҳолати маҳрамона хориҷ шудааст, нақши Англияро дар кудато зидди давлати Мусаддиқ дар 28-уми мурдоди соли 1332 (1953) мавриди таъкид қарор медиҳад.

Ба гузориши сешанбешаби хабаргузории Садо ва Симо, рӯзномаи “Файнешнл Таймс” навишт, асноди ҷадиде, ки Вазорати хориҷаи Амрико аз табақабандӣ хориҷ кардааст, нишон медиҳад, давлати Англия дар ноябри соли 1952 аз Амрико хоста буд, ки ба кудато барои сарнагун кардани давлати Муҳаммади Мусаддиқ, нахуствазири вақти Эрон бипайвандад.

Рӯзномаи “Файнешнл Таймс” меафзояд, гузориши асноди Вазорати хориҷаи Амрико иттилооти тозае дар бораи арзёбии Англия аз фазои сиёсии Эрон дар он замон ва эҳсоси хатари он кишвар аз таҳдиди манофеаш дар Теҳрон дар ихтиёр қарор медиҳад.

Ба гуфтаи ду коршиноси муассисаи хусусии Архиви амнияти миллии Амрико, ки ин аснодро ба даст овардаанд, ин аснод нахустин асноде аст, ки таъйид мекунад Англия Амрикоро тарғиб кардааст, ки ба сарнагун кардани давлати Мусаддиқ кӯмак кунад.

Ёддоштҳои Вазорати хориҷаи Амрико нишон медиҳад, мақомоти Англия ва Амрико аз тирамоҳи соли 1331 –и ҳиҷрии шамсӣ (1952) дастикам се бор барои баҳс дар бораи сарнагун кардани давлати Мусаддиқ дидор ва гуфтугӯ кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, Кристофер Стил, дувумин мақоми олирутбаи Сафорати Англия дар Вашингтон ин идея (сарнагун кардани давлати вақти Мусаддиқ)-ро бо мақомоти амрикоӣ дар миён гузоштааст.

 

Барчасп