Эрон иддаои боздошти муҳоҷими эрониро дар Афғонистон рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21892-Эрон_иддаои_боздошти_муҳоҷими_эрониро_дар_Афғонистон_рад_кард
Сафорати Эрон дар Кобул, иддаои боздошти як муҳоҷими интиҳории эрониро дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 19, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон иддаои боздошти муҳоҷими эрониро дар Афғонистон рад кард

Сафорати Эрон дар Кобул, иддаои боздошти як муҳоҷими интиҳории эрониро дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон рад кард.

Ба гузориши ИСНА, фармондеҳи пулиси вилояти Нимрӯзи Афғонистон, рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо бархе расонаҳо иддао кард, як муҳоҷими интиҳории эронӣ ҳангоми ҳамла ба як посгоҳи амниятӣ дар ин вилоят боздошт шудааст.

Бахши расонаии сафорати Эрон дар Кобул бо интишори баёнияе эълом кард, давлати Афғонистон барои исботи ин иддао токунун ҳеҷ мадраке дар ихтиёри сафорати Эрон қарор надодааст.

Дар ин баёния омадааст, бо вуҷуди ҳудуди ҳазор километр марзи муштарак миёни Эрон бо Афғонистон, эҳтимоли убури аносури муртабит бо ДИИШ аз марзи ду кишвар ва пайвастани онон ба гурӯҳи террористии  ДИИШ дар Афғонистон вуҷуд дорад.

Баёнияи сафорати Эрон дар Афғонистон таъкид дорад, давлати Эрон умедвор аст бо ҳамкории ​мақомҳои амниятӣ ва марзии ду кишвар, имкони муборизаи комил бо терроризм дар ду сӯи марзи муштарак фароҳам шавад.