Сентябр 03, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи аввали Эрон дар тавлиди мақолоти Ховари Миёна дар ҳавзаи силлулҳои бунёдӣ

Дабири Ситоди силлулҳои бунёдии муовинати илмӣ ва фанноварии раисиҷумҳури Эрон, гуфт, Эрон бо тавлиди 31 дарсад аз тамоми мақолоти силлулҳои бунёдӣ дар Ховари Миёна, рутбаи аввалро дар ин минтақа ба худ ихтисос додааст.

Амиралӣ Ҳамидия, дабири Ситоди силлулҳои бунёдии муовинати илмӣ ва фанноварии раисиҷумҳури Эрон, дар 18-умин Конгресси байналмилалии пизишкии тавлиди мисил дар Теҳрон, бо баёни инки Эрон пешрафтҳои зиёде дар ҳитаи силлулҳои бунёдӣ ва пизишкии бозсохтӣ касб кардааст гуфт, Эрон дар ҷойгоҳи понздаҳуми ҷаҳонии улум ва фанновариҳои силлулҳои бунёдӣ ва пизишкии бозсохтӣ қарор дорад.

Ҳамидия афзуд, Эрон дар заминаи корозмоиҳои болинӣ низ тавонистааст бо 76 корозмоӣ дар ҳавзаи силлулҳои бунёдӣ, ҷузъи пештозони минтақа бошад.

Вай тасреҳ кард, ба зуддӣ фанновариҳои пешрафтаи муҳандисии бофт ва ҳамчунин органҳои миниотюрӣ аз силлулҳои бунёдии болиғин ҷиҳати ғирболгарии доруҳои навин ва гаронқимат дар дастрас қарор мегирад.

 

Барчасп