Эҳтимоли бозгашти лавҳаҳои торихии "Тахти Ҷамшед" ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2281-Эҳтимоли_бозгашти_лавҳаҳои_торихии_Тахти_Ҷамшед_ба_Эрон
Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, шароит барои бозгашти лавҳаҳои торихӣ ва гилии "Тахти Ҷамшед" ба Эрон омода шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 14, 2016 12:46 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли бозгашти лавҳаҳои торихии

Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, шароит барои бозгашти лавҳаҳои торихӣ ва гилии "Тахти Ҷамшед" ба Эрон омода шудааст.

Муҳаммадҳасани Толибиён, муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо афзуд, пас аз раъйи ниҳоии Додгоҳи федералии таҷдиди назари Иллинойси Амрико, мабнӣ бар ин ки алвоҳи гилии даврони Ҳахоманишӣ шомили амволи басташудаи Эрон дар Амрико нест, акнун марҳалаи баргузории додгоҳи ниҳоӣ барои бозгардондани 30 ҳазор лавҳи гилии торихии "Тахти Ҷамшед" аз Муассисаи шарқшиносии Чикаго ба Эрон боқӣ мондааст.

Муҳаммадҳасани Толибиён гуфт, фазо ва шароити физикӣ барои бозгашт ва нигаҳдории алвоҳи гилии "Тахти Ҷамшед" дар Музеи миллии Эрон фароҳам ва омода шудааст.

Сӣ ҳазор алвоҳи гилии даврони Ҳахоманишӣ барои таҳқиқот аз соли 1935 то 1937 дар ихтиёри Муассисаи шарқшиносии Чикагои Амрико қарор гирифт, ки то кунун ба Эрон бозгардонда нашудааст.

Тайи ду соли гузашта чаҳор маҳмулаи ашёи торихии Эрон аз Амрико, Италия ва Белгия ба Эрон бозгардонда шудааст.