Шаҳракнишинони саҳюнист ду хона ва як масҷиди фаластиниёнро ба оташ кашиданд
-
Ба оташ кашидани масҷиде дар Ал-Халил
Порс Тудей- Дар идомаи ҳамлаҳои шаҳракнишинони саҳюнист ба манотиқи фаластинӣ, ду хона ва як масҷид дар деҳаи Ат-Тувонӣ дар ҷануби Ал-Халил ба оташ кашида шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, шаҳракнишинони саҳюнист шанбешаб ду хонаи фаластинӣ ва як масҷидро дар деҳаи Ат-Тувонӣ дар минтақаи «Мусофир Ятто» дар ҷануби Ал-Халил ба оташ кашиданд, ки хисороти густурдае бар ҷой гузошт.
Ба гуфтаи манбаъҳои маҳаллӣ, шаҳракнишинон ба ин деҳа ҳамла карда ва бо истифода аз маводи оташзо, масҷид ва ду манзили маскуниро дар ҳоле ба оташ кашиданд, ки низомиёни исроилӣ аз онҳо ҳимоят мекарданд.
Ин манбаъҳо афзуданд, ки шаҳракнишинон дар ҷараёни ин юриш, амволи фаластиниён, аз ҷумла як мошинро ҳам тахриб карданд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати авқофи Фаластин ин ҳамларо маҳкум ва оташ задани масҷидро убур аз тамомии хатҳои сурх тавсиф кард. Ин вазоратхона дар баёнияе эълон кард, ҳамла ба масҷид «як иқдоми террористии тамомъайёр» аст, ки бо ҳимояти Тел-Авив анҷом шуда ва ҳадафи он, овора кардани фаластиниён аз минтақаи Мусофир Ятто аст.
Вазорати авқофи Фаластин режими саҳюнистиро масъули комили ин ҳамла ва паёмадҳои он донист ва ҳушдор дод, сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ҳамлаҳои шаҳракнишинони саҳюнист, ба ташвиқи хушунатҳои бештар мунҷар мешавад.
Ин вазоратхона ҳамчунин аз Созмони Милал, Созмони ҳамкории исломӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар хост фавран мудохила карда, Исроил ва шаҳракнишинонро посухгӯ кунанд ва ҳифозати байналмилалии фаврӣ барои фаластиниён ва амокини муқаддаси исломӣ ва масеҳӣ фароҳам кунанд.