Сентябр 19, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳурии Эрон бо дабири кулли Созмони Миллал

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори Антонио Гутеррес- дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид мавзӯъи ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ ва ҳар гуна ҳаракат дар ҷиҳати тағйири марз ва ҷуғрофияи кишварҳои минтақаро хатарнок унвон кард.

  Ҳасани Руҳонӣ - раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои узви Маҷмаъи умумии ин созмон дар Нию-Йорк дар дидори Антонио Гутеррес ҳама ҷаҳониён аз ҷумла Созмони Миллалро ба ҳимояти қотеъ ва ҳифозат аз Қонуни асосӣ ва тамомияти сарзаминии Ироқ фаро хонд ва гуфт: Бояд барои ҳалли мушкилоти минтақа ба думболи роҳи ҳалҳои сиёсӣ буд.

 Руҳонӣ бо эъломи омодагии Эрон барои тақвияти ҳамкории худ бо Созмони Миллал барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ афзуд: БАРҶОМ метавонад намунаи хубе барои сулҳу  субот дар минтақа ва ҷаҳон бошад ва масъулияти Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Дабири кулли Созмони Миллал дар ҳимоят ва тақвияти БАРҶОМ ба вежа дар баробари онҳое, ки хилофи уҳдадориҳо гом бармедоранд, боаҳамият аст.

 Антонио Гутеррес-дабири кулли Созмони Миллал низ дар ин дидор бо ишора ба мавзӯъи ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқ зимни ҳимояти қотеъ аз Қонун асосӣ ва тамомияти сарзаминии ин кишвар гуфт: Ҳар гуна тақсими Ироқ ё Сурия нафъе барои суботи минтақа надорад ва Созмони Миллали Муттаҳид омодаи ҳамкорӣ бо Эрон дар тақвияти пояҳои сулҳу амният дар минтақа аст.

 Гутеррес ҳамчунин бо баёни инки Эрон ба уҳдадориҳои худ дар мавриди  БАРҶОМ амал кардааст, бар зарурати иҷрои комил ва дақиқи ин тавофуқ аз сӯи ҳама тарафҳо таъкид кард.

 

Барчасп