Сентябр 21, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи посухи Руҳонӣ ба Трамп дар расонаҳои ҷаҳонӣ

Суханронии раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳафтоду дувумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк бозтоби густардае дар расонаҳои байналмиллалӣ дошт .

Ба гузориши шабакаи хабарии Франс-24 , шабакаи хабарии CBS , рӯзномаи Нию-Йорк таймс ва ҳафтаномаи Тайми Амрико бештарин тавваҷуҳи худро ба он бахш аз суханони Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳурии Эрон нишон доданд, ки дар он Доналд Трампро "ноаҳли тозаворид ба сиёсат" ва суханони уро "ҷоҳилона " ва "зишту кинатўзона" хонда буд .

Нашрияи Файниншал таймс низ дар гузорише бо унвони "Руҳонӣ ба адабиёти ҷоҳилонаи Трамп посух дод" , навишт : Оқои Руҳонӣ бо лаҳни шумурда дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, ки Эрон тавофуқи ҳастаии 2015-ро поймол нахоҳад кард.

Рўзномаи англисии Гардиян  ҳам дар торнамои худ ба суханони раиси ҷумҳурии исломии Эрон ишора кард ва навишт: Дар ин суханронӣ, ки як рӯзи пас аз изҳороти Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико баён шуд , Руҳонӣ суханони Трампро ба дур аз шаъни маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид  хонд.

Гардиян афзуд: Трамп, ки пештар ровии як барномаи телевизиюнии оммаписанд буд, рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт дар бораи ақибнишинӣ аз тавофуқи ҳастаӣ то 15-уми октябр тасмимгирӣ хоҳад кард.

Рӯзномаи Нию-Йорк таймси Амрико ҳамчунин дар таҳлиле навишт: Ба назари бархе коршиносон суханони хасмонаи рӯзи сешанбеи Трамп дар Созмони Миллали Муттаҳид дар канори изҳороти ҳисобшудаи Руҳонӣ дар рӯзи чаҳоршанбе, тасвири хирадмандона аз Эрон дар муқобили ёвасароиҳои асабии як душман ироа дод.

Шабакаҳои телевизиюнии байналмиллалӣ аз ҷумла CNN-и Амрико, BBC-и Британия, Франс-24 ва Алҷазираи Қатар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи Руҳониро дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба таври мустақим пахш карданд.

Барчасп