Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон: Мақомҳои тоҷик роҳи иштибоҳ дар пеш гирифтаанд
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, роҳе, ки Тоҷикистон дар қиболи Эрон дар пеш гирифта, иштибоҳ аст ва Эрон омодаи ҳамкорӣ барои ҳалли сӯитафоҳумҳо аст.
Баҳроми Қосимӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Эътимод” чопи Теҳрон, дар бораи сардии ахир дар равобити Тоҷикистон бо Эрон гуфт, «Тоҷикистон ба шакли зотӣ ва дар нигоҳе воқеъбинона, яке аз кишварҳое аст, ки иштирокҳои бисёре бо Эрон аз забон то фарҳангу дин ва одобу суннат дорад, аммо мутаассифона ба далели фаъолияти аносури солис дар ин кишвар, мақомҳои тоҷик дучори сӯитафоҳумҳои бедалел ва ғайри воқеъбинона нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд ва бар асоси ҳамин сӯитафоҳумҳо сиёсатҳои худро дар қиболи Эрон тағйир доданд.»
Қосимӣ гуфт, бархӯрди Тоҷикистон бо масоили Эрон бархӯрди ғайридӯстона, ғайри воқеъбинона ва нодуруст буд ва онҳо роҳи иштибоҳеро интихоб карданд, ки дар ниҳоят ба фарҷоми нек ва дурусте ҳам нахоҳад расид.
Вай бидуни ишора ба номи кишвари хосс афзуд, «Тоҷикистон ба далели бархе талқин кардан, чӣ дар дарун ва чӣ аз беруни ин кишвар, дучори тарсу ибҳом нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва мо талоши бисёре кардем, ки ин таваҳҳум задуда шавад ва воқеиятҳои равобит ва нигоҳи дӯстона ва хайрхоҳонаи Эрон ба Тоҷикистон интиқол ёбад, аммо “дигарон” бо шинохте, ки аз зарфиятҳои муштараки ду кишвар доранд, сармоягузории бисёре карданд то робитаи Эрон ва Тоҷикистон дар вазъияти матлуб қарор нагирад.»
Қосимӣ бо баёни ин, ки равобити Эрон бо ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бисёр хуб аст, таъкид кард, «нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон мусбат ва созандааст ва омодаи ҳар гуна талош ва кӯмак ба манзури пайдо кардани роҳе барои ҳалли сӯитафоҳумҳо миёни ду кишвар аст.»
Вай дар бораи ин иддао, ки дороиҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон яке аз авомили масъаласоз дар равобити Душанбе-Теҳрон аст, гуфт, «асли хабар дар мавриди фаъолияти Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва инки амволе дар ин кишвар дошта ва ба бархе афрод дар Тоҷикистон маболиғе пардохт шудааст, ки он амвол ва маболиғ ба Эрон бозгардонда нашуда, дуруст аст, аммо баъид аст, ки буҳрон дар робитаи Тоҷикистон бо Эрон аз ин мавзӯъ реша гирифта бошад.»
Қосимӣ афзуд: «Ба ҳар ҳол шунидаҳо ҳокӣ аст, нигарониҳое дар бархе афрод дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, чаро, ки бахше аз ин сармоя ва дороиҳо назди онҳо будааст ва онҳо ҳам ин тарсро доранд, ки ё маҷбӯр ба истирдоди ин амвол ба Эрон шаванд ё маҷбӯр шаванд дар бораи он посух диҳанд.»