Октябр 08, 2017 19:35 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури пешини Лубнон: Эрон қудрати минтақаӣ аст

Раисҷумҳури пешини Лубнон таъкид кард: Эрон як қудрати минтақаӣ аст ва Лубнон низ хоҳони равобити наздик бо он кишвар аст.

Амин Алҷамил, раисҷумҳури пешини Лубнон дар гуфтугӯ бо Ирно гуфт: Таҳаввулоти гуногун ва табодули таҷрубиёт дар заминаҳои фикрӣ, фарҳангӣ, донишгоҳӣ ва муносиботи иқтисодии Эрону Лубнон боиси таҳкими бештари равобити ду кишвар шудааст .

Раисҷумҳури пешини Лубнон, сиёсатҳои Амрико дар давраи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро гарангкунанда донисту гуфт: Решаи бисёре аз чолишҳои кунунии минтақа дар тарсими маснуии марзҳо тавассути қудратҳои истеъморӣ аст, чун дар ин тақсим‌банди‌ҳо, масолеҳи мардум қурбонии манофеи тарафҳои мухталиф шудааст .

Раисҷумҳури пешини Лубнон ҳамчунин бо ишора ба вазъияти ҳудуди яку ним миллион овора ва паноҳҷуи сурӣ дар Лубнон гуфт: Бозгашти оворагон ва паноҳҷуён бояд зери назари Созмони милал анҷом шавад, чун ин созмон таҷруба ва абзори кофиро дар ин замина дорад .

 

Барчасп