Октябр 17, 2017 22:13 Asia/Dushanbe
  • Судмандии ҳамкории Эрон ва Русия барои ҷомеаи байналмилалӣ  

Раиси Созмони энержии атомии Эрон ҳамкориҳои Эрон ва Русияро дар заминаҳои мухталиф барои ҷомеаи байналмилалӣ судманд донист.

Ба нақл аз Ирно, Алӣ Акбари Солеҳӣ дар паёме ба семинари “Баррасии 25 соли ҳамкории ҳастаии Эрону Русия ва уфуқҳои пешорӯ” дар Маскав бо қадрдонӣ аз баргузоркунандагони ин семинар навишт: Эрону Русия ду бозигари муҳиму таъсиргузор дар саҳнаи байналмилалӣ ба шумор меоянд ва ҳамкории наздики ду кишвар барои ҷомеаи байналмилалӣ асарбахшу судманд аст .

Солеҳӣ дар паёми худ афзуд: Чунин ҳамоиш ва гирдиҳамоиҳое метавонад асарбахшии ҳамкории ҳастаии илмӣ ва фанниро байни Эрону Русия ба намоиш бигузорад ва аз ин гунҷоиши номаҳсус бархурдор аст, ки тазмин диҳад, беҳтарин замонаткунандаи сулҳу субот дар ҷаҳон, таҳдид ва даргирӣ нест, балки ҳамкории содиқонаи байни кишварҳо аст .

Дар идомаи паёми Солеҳӣ, ки Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангуи Созмони энержии атомии Эрон онро дар семинари ҳастаӣ дар Маскав қироат кард, омадааст: Агар БАРҶОМ бо шикаст рӯ ба рӯ шавад, ҷомеаи байналмилалӣ зарар мекунад, гарчи Амрико талош мекунад, ба манофеи миллии Эрон аз БАРҶОМ низ осеб бирасонад .

Семинаре дурӯза бо унвони “Баррасии 25 соли ҳамкории ҳастаии Эрону Русия ва уфуқҳои пешорӯ” аз рӯзи сешанбе дар Маскав оғоз ба кор кардааст .

 

Барчасп