Октябр 24, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз тарҳи қонунгузорони Русия барои ҳифзи БАРҶОМ

Эрон аз тарҳи қонунгузорони Русия барои фишор ба Конгресси Амрико бо ҳадафи боқӣ мондани Вашингтон дар БАРҶОМ истиқбол мекунад.

Ба гузориши ИРНА, қарор аст, қонунгузорони Русия бо ҳузури намояндагони Вазорати хориҷии ин кишвар нишастеро ба манзури баррасии пешнависи тарҳи пешниҳодии теъдоде аз ҳамтоёнашон барои ҳимоят аз БАРҶОМ баргузор кунанд. Дар ин тарҳ аз парлумонҳои кишварҳои узви “Гурӯҳи 5+1” (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) ва бархе кишварҳои дигар дархост мешавад, Конгресси Амрикоро барои боқӣ мондани ин кишвар дар тавофуқи ҳастаӣ таҳти фишор қарор диҳанд.

Алирзо Раҳимӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи ҳимояти Эрон аз тарҳи қонунгузорони рус гуфт, иҷмои ҷаҳонӣ барои дифоъ аз БАРҶОМ миёни тамоми кишварҳо эҷод шудааст. Раҳимӣ афзуд, монеатарошӣ ва рӯйкарди хасмонаи амрикоиҳо дар қиболи БАРҶОМ ба зарари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои “Гурӯҳи 5+1” аст.

Тавофуқ ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи 5+1” аз январи соли 2016 иҷроӣ шудааст, аммо Ҳукумати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад.

 

 

Барчасп