Ифтитоҳи маркази пизишкии Эрон ва Уганда дар Кампала
(last modified Thu, 26 Oct 2017 13:01:09 GMT )
Октябр 26, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи маркази пизишкии Эрон ва Уганда дар Кампала

Маркази пизишкии Эрону Уганда бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Йовери Мусевени, раисҷумҳури Уганда дар Кампала, пойтахти ин кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз Ирно, амалиёти иҷроии ин маркази дармонӣ дар Кампала шаш соли пеш оғоз шуд ва рӯзи чаҳоршанбе 25 октябр ҷумҳурии исломии Эрон ин сохтмонро ба давлати Уганда таҳвил дод .

Ҳазинаи таҷҳизи маркази пизишкии Эрону Угандаро Анҷумани пизишкони мусулмони бидуни марз ва пизишкони эронии бахши хусусӣ таъмин кардаанд.

Ин марказ шомили 50 тахти бемористонӣ бо маблағи чаҳор миллион доллар дар Кампала эҳдос шудааст .

Вазири хориҷаи Эрон сешанбе шаб вориди Кампала шуд .

Зариф рӯзи чаҳоршанбе пас аз ифтитоҳи маҷмаи тиҷории муштараки Эрону Уганда бо Сем Кутеса, вазири хориҷа ва Йовери Мусевени, раисҷумҳури Уганда дидор ва дар бораи густариши муносиботи сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар гуфтугӯ кард .

Рӯзи панҷшанбе низ аз Уганда роҳии Нигерия шуд, то бо мақомоти ин кишвар дар бораи масоили дуҷониба, таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ дидору гуфтугӯ кунад .