Дифо аз Фаластин ва тақвияти чандҷонибагароӣ; рӯйкарди Эрон дар Иҷлоси ғайримутааҳидҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122420-Дифо_аз_Фаластин_ва_тақвияти_чандҷонибагароӣ_рӯйкарди_Эрон_дар_Иҷлоси_ғайримутааҳидҳо
Порс Тудей - Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои ширкат дар нишасти вазирони хориҷаи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо вориди Кампала, пойтахти Уганда шуд.
(last modified 2025-10-15T08:42:40+00:00 )
Октябр 15, 2025 13:41 Asia/Dushanbe
  • Дифо аз Фаластин ва тақвияти чандҷонибагароӣ; рӯйкарди Эрон дар Иҷлоси ғайримутааҳидҳо

Порс Тудей - Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои ширкат дар нишасти вазирони хориҷаи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо вориди Кампала, пойтахти Уганда шуд.

Исмоили Бақоӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паёме дар шабакаи Х, аз сафари Ироқчӣ ба Кампала хабар дод ва навишт: Вазири умӯри хориҷаи Эрон барои ширкат дар нӯздаҳумин иҷлоси миёндавраии вузарои умӯри хориҷаи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо вориди Кампала, пойтахти Уганда шуд.

Нӯздаҳумин нишасти миёндавраии вузарои умӯри хориҷаи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе (15 ва 16 октябри 2025) дар Кампала, пойтахти Уганда баргузор мешавад. Ин иҷлос ба раёсати вазири умӯри хориҷаи Уганда ва бо ҳузури вузарои хориҷа ва ҳайатҳои олирутба аз кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо баргузор хоҳад шуд.

Ироқчӣ илова бар мушорикат дар мабоҳиси умумии иҷлосу табйини мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси таҳаввулоти байналмилалӣ дар ҳошияи ин иҷлос бо вузарои хориҷаи кишварҳои ширкаткунанда низ дидор ва табодули назар хоҳад кард.

Баррасии таҳаввулоти байналмилалӣ ва минтақаӣ бо таъкид бар усӯли кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо, тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба миёни аъзоува табйини мавозеъи кишварҳо дар қиболи чолишҳои ҷаҳонӣ, монанди тағйироти иқлимӣ, буҳронҳои инсонӣ, ислоҳи сохторҳои байналмилалӣ ва таҳаввулоти Ғазза, аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯоти мавриди баҳс дар нишастҳои иҷлос Кампала хоҳад буд.

Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо, созмоне байналмилалӣ, муташаккил аз беш аз 120 кишвар аст, ки дар даврони Ҷанги сард шакл гирифт. Эрон яке аз аъзои калидӣ ва таъсиргузори Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо аст, ки нақши муҳимме дар шаклдиҳӣ ба сиёсатҳои ин ҷунбиш, бавижа дар ҳавзаҳои муқобила бо якҷонибагароӣ ва дифо аз истиқлоли кишварҳои дар ҳоли тавсеа ифо кардааст.

Эрон дар соли 1391 (2012) мизбони шонздаҳумин иҷлоси сарони ҷунбиш дар Теҳрон буд ва ба муддати се сол раёсати давраии ин ҷунбишро бар уҳда дошт. Эрон ҳамвора аз усӯли бунёдини ҷунбиш монанди вобаста набудан ба қудратҳои бузург, эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва муқобила бо таҳримҳои якҷониба дифо кардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз зарфияти ҷунбиш барои муқобила бо таҳримҳои ғарбӣ баҳрабурда ва талош карда таваҷҷуҳи кишварҳои узвро дар ин замина ҷалб кунад. Эрон дар давраи раёсати худ пешниҳодҳое барои ислоҳи маншури Созмони милал, муқобила бо терроризм ва адолат дар низоми иқтисодии ҷаҳонӣ ироа дод.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тариқи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо тавониста равобити худ бо кишварҳои африқоӣ, осииёӣ ва Амрикои Лотинро тақвият кунад. Баргузории иҷлосҳо ва нишастҳои фарҳангӣ дар чорчӯби ҷунбиш, бистаре барои муаррифии дидгоҳҳои Эрон ба ҷаҳон фароҳам кардааст.

Баргузории нӯздаҳумин нишаст вузарои хориҷаи ҷунбиш дар Уганда, фурсате ҳаётӣ барои ҳамгароии кишварҳои мустақил дар ҳимоят аз мардуми Фаластину муқобила бо якҷонибагароии ҷаҳонӣ фароҳам кардааст. Буҳрони инсонӣ дар Ғазза боис шуда бисёре аз кишварҳои узви ҷунбиш хоҳони мавзеъгирии қотеъ алайҳи иқдомоти режими саҳюнистӣ шаванд. Дар нишасти Кампала, кумитаи Фаластини Ҷунбиши ғайримутаъаҳҳидҳо барои таҷдиди ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин ташкили ҷаласа медиҳад.

Баргузории нишасти вузарои хориҷаи Ҷунбиши ғайримутаъаҳҳидҳо дар Кампала, дар шароите, ки ҷаҳон бо буҳронҳои печидае монанди ҷанги Ғазза, як ҷонибагароии қудратҳои бузург, тағйироти иқлимӣ ва нобаробариҳои иқтисодӣ рӯбарӯ аст, аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст. Иҷлоси Кампала фурсате барои кишварҳои мустақил аст то дар баробари султаталабии қудратҳои бузург, дар дифо аз адолату истиқлоли сиёсӣ, садои воҳиде дошта бошанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мушорикат дар ин иҷлос, зимни табйини мавозеъи худ, заминасози таъомулоти дуҷониба дар ростои манофеи миллӣ ва минтақаӣ хоҳад буд. Ин иҷлос на танҳо як рӯйдоди дипломатӣ, балки намоде аз талоши кишварҳои мустақил барои сохтани ҷаҳоне одилонатар, инсонитару мутавозинтар дар баробари чолишҳои навзуҳӯр аст. Ин иҷлос аз манзари инсонӣ ва ахлоқӣ, фурсате барои бозтаърифи нақши Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар ҷаҳони имрӯз аст.

Бо таваҷҷуҳ ба рӯйкардҳои усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёсати хориҷӣ барои муқобила бо якҷонибагароӣ ва таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ҳамкории кишварҳои мустақил, баргузории нӯздаҳумин нишасти вузарои хориҷаи Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар Кампала фурсате муносиб барои иштироки назару ҳамкории густардатари кишварҳои узв барои оянда хоҳад буд.