Октябр 27, 2017 20:47 Asia/Dushanbe

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ва вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи сохти маскан имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, Аббос Охундӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон шомгоҳи панҷшанбе, пас аз имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Русия дар заминаи сохти манзил гуфт, дар ин тафоҳумнома масоили марбут ба табодули таҷриба дар заминаи сохти манзил, шаҳрсозӣ ва меъморӣ байни Эрону Русия мушаххас шудааст. Охундӣ бо ишора ба ташкили коргурӯҳе барои ҳамкорӣ дар арсаи хонасозӣ байни Эрону Русия афзуд, бо ташкили ин коргурӯҳ ҳамкориҳои ду кишвар тавсеа меёбад. Михаил Мен, вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия низ пас аз имзои ин тафоҳумнома аз тавсеаи равобит бо Эрон дар заминаи сохтмон ва меъморӣ истиқбол карда гуфт, Русия таҷрибаи хубе дар робита ба меъморӣ, маскан ва шаҳрсозӣ дошта, омодаи табодули ин таҷрибаҳо бо шарикони эронӣ ва ҳамкорӣ бо онон дар ин бахшҳост.

Ин нахустин қарордоди ҳамкории Эрону Русия дар заминаи хонасозӣ аст.

 

Барчасп