Имрӯз дар Эрон азои умумӣ аст
Дар паи зилзилаи шадид дар ғарби Эрон ва ҷон бохтани садҳо шаҳрванд, ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз сешанберо азои умумӣ эълом кард.
Ба нақл аз хабаргузории Ирно, ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон бо интишори баёнияе зимни арзи таслияти ҳодисаи талху андуҳбори зилзилаи ғарби Эрон ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, миллати Эрон ба вижа мардуми устони Кирмоншоҳ ва ҳамдардӣ бо маҷрӯҳон ва бозмондагони ин ҳодиса, рӯзи сешанберо ба эҳтироми ҳамаи қурбониён ва ҳамдардӣ бо бозмондагон ва ҳодисадидагон, азои умумӣ эълом кард .
Ҳайъати давлати Эрон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз ҳамаи нерӯҳои имдодии ҳозир дар манотиқи зилзилазада, кулияи вазоратхонаҳо ва дастгоҳҳои давлатиро муваззаф ба ироаи хадамот ба ҳодисадидагон кард .
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон имрӯз озими манотиқи зилзилазада дар ғарби Эрон мешавад .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ рӯзи душанбе дар паёми таслияте ба миллати Эрон ҳамаи дастгоҳҳои лашкарӣ ва кишвариро бо ҳамаи тавону имконоти худ ва суръати амал дар кумакрасонӣ ба осебдидагон фаро хонданд .
Шомгоҳи якшанбе 12 ноябри заминларзае ба бузургии 7.3 дараҷа дар амвоҷи дарунии замин (рихтер) манотиқи мухталифи ғарби Эрон ва саросари Ироқро ларзонд .
Токунун бар асари ин заминларза дар Эрон, 407 нафар кушта ва ҳафти ҳазору 156 нафар захмӣ шудаанд .