Ҳоҷибобоӣ : Посухи Эрон ба шайтанат дар Хазар пушаймонкунанда аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125252-Ҳоҷибобоӣ_Посухи_Эрон_ба_шайтанат_дар_Хазар_пушаймонкунанда_аст
Порс тудей - Нойиби раиси Маҷлиси Эрон гуфт : Ба корфармоён(идоракунандагони пушти парда)и Украина ихтор мекунем ҳар гуна шайтанат аз тариқи паймонкор(дастнишонда)и шумо дар минтақа ва баҳри Хазар посухи пушаймонкунандаи миллати бузурги Эронро ба дунбол хоҳад дошт.
(last modified 2026-07-27T15:05:13+00:00 )
Июл 27, 2026 19:59 Asia/Dushanbe
  •   Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ-нойиби раиси Маҷлиси Эрон
    Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ-нойиби раиси Маҷлиси Эрон

Порс тудей - Нойиби раиси Маҷлиси Эрон гуфт : Ба корфармоён(идоракунандагони пушти парда)и Украина ихтор мекунем ҳар гуна шайтанат аз тариқи паймонкор(дастнишонда)и шумо дар минтақа ва баҳри Хазар посухи пушаймонкунандаи миллати бузурги Эронро ба дунбол хоҳад дошт.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ,  Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ-нойиби раиси Маҷлиси Эрон дар нутқи пеш аз дастури нишасти имрӯз душанбеи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, ки ба сурати вебинарӣ баргузор шуд , бо ишора ба байъати Ҳизбуллоҳи Лубнон бо раҳбари мусулмонони ҷаҳон ва фармондеҳи муқовимат , ҳазрати оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ , гуфт : Ин байъат , қуллаи баланди уммату чеҳраи пирӯзи муқовимат буд, ки осори бисёр зиёде дар саҳнаи байналмилалӣ ва ба вижа дар минтақа дошт.
Вай дар идома таъкид кард : Набояд иҷоза дод Амрико ҳар замоне, ки бихоҳад биҷангад ва ҳар замоне, ки хост оташбас эълом кунад . Ҷумҳурии исломии Эрон бояд пурқудрат дар баробари хости Амрико биистад.
Ҳоҷибобоӣ ҳамчунин хотирнишон кард : Тангаи Ҳурмуз қудрати бузурге барои миллати Эрон эҷод кард ва имрӯз қуллаи иқтидори мост ; аз ин қуллаи иқтидору иззати миллати бузурги Эрон бояд ҳатман пуштибонӣ ва ҳаросат кард.
Вай дар поён изҳор кард : Ба корфармоёни Украина ихтор мекунем ҳар гуна шайтанат аз тариқи паймонкори шумо дар минтақа ва баҳри Хазар посухи пушаймонкунандаи миллати бузурги Эронро ба дунбол хоҳад дошт.