Зариф: Масхара аст ки Арабистон, Эронро ба суботзудоӣ муттаҳам мекунад
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард: Масхара аст Арабистон, ки худ террористҳоро таҳрик мекунад ва ҷанги Яманро ба роҳ андохтааст, Эронро ба суботзудоӣ муттаҳам мекунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Тамасхуромез аст, ки подшоҳии Арабистони Саудӣ, Эронро дар ҳоле ба суботзудоӣ муттаҳам мекунад, ки худаш террористҳоро таҳрик мекунад, дар Яман ҷанг ба роҳ андохта, Қатарро мунзавӣ карда ва буҳрон дар Лубнонро таҳрик кардааст .
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи Нишасти сеҷониба бо вазирони хориҷаи Туркияву Русия дар Анталия навишт: Эрон бо Туркияву Русия барои баст додани оташбасе, ки дар Сурия ба он расидааст, ҳамкорӣ мекунад .
Зариф афзуд: Эрон, Туркия ва Русия барои гуфтугӯи ҷомеи байни тарафҳои сурӣ омода мешаванд .
Нишасти вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия, кишварҳои зомини оташбас дар Сурия, рӯзи якшанбе бо ҳадафи ройзанӣ дар бораи буҳрони Сурия дар шаҳри Анталия, ҷануби Туркия баргузор шуд .