Вокуниши Маскав ба иддаои Вашингтон дар бораи истифода аз пойгоҳи Ҳамадон
Русия мегӯяд, истифода аз пойгоҳи ҳавоии Эрон барои ҳамла ба мавозеъи террористҳо дар Сурия ноқизи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал нест.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рузи чаҳоршанбе дар вокуниш ба иддаои Вашингтон дар бораи мавзӯи сӯхтгирии бомбафканҳои Русия дар Эрон барои ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи ДИИШ дар Сурия гуфт: "ҳеч далеле барои муттаҳам кардани Русия ба нақзи қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал дар иртибот бо ҳамкории зидди террористӣ бо Эрон вуҷуд надорад".
Марк Тонер, сухангуи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи сешанбе дар бораи истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии Эрон барои анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ дар Сурия, ибрози таассуф кард ва гуфт, « албатта ин иқдом ғайримунтазира набуд».
Вай аз гуфтугӯи Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико бо ҳамтои русии худ, дар иртибот бо ин мавзӯ хабар дод ва афзуд, Ҷон Керрӣ дар ин гуфтугӯ зимни ибрози нигаронӣ гуфтааст, истифода аз пойгоҳи низомии Эрон нақзи эҳтимолии қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал ба шумор меояд.
Ин дар ҳоле аст, ки вазири хориҷаи Русия дар конфронси хабарии худ дар Маскав таъкид кард, Маскав ҳеч иқдоме барои фурӯш, таъмин ё интиқоли ҳавопаймоҳои низомӣ ба Эрон накардааст, балкӣ мубориза алайҳи терроризм дар чорчӯби ҳамгароии ду кишвар идома дорад.
Вай ҳамчунин афзуд, « нерӯи ҳавоии Русия ба дархости мақомоти қонунии Сурия ва бо мувофиқати Эрон, аз ин ҷангандаҳо истифода мекунад, то дар як амалиёти зидди террористӣ дар Сурия ширкат кунад».
Вай таъкид кард, « дар ин шароит низ ҳеч мавриде барои баҳс вуҷуд надорад».
Вазорати дифои Русия рӯз душанбе дар баёнияе, ки дар расонаҳои русӣ мунташир шуд эълом кард, ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар бо парвоз аз фурудгоҳи низомии Ҳамадон, мавозеъи ДИИШ-ро дар Сурия бомбаборон карданд.