Ноябр 27, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
  • Русия дар паи такмили долони шимол-ҷануб

Сафири Русия дар Эрон гуфт, кишвараш ба дунболи такмили долони шимол-ҷануб аст.    

Ба нақл аз Ирно, Леван Ҷагарян дар дидори Мустафо Солорӣ, устондори Гелон дар шимоли Эрон гуфт: Заминаи хубе барои ҳамкорӣ ва тавсеаи таомулот миёни устони Гелони Эрон ва кишвари Русия фароҳам шудааст.    

Сафир Русия дар Теҳрон ҳамчунин хостори барқарории хати парвози мустақим аз Астрахани Русия ба Теҳрон шуд.    

Устондори Гелон низ дар ин дидор ба иродаи ду кишвар барои тавсеаи равобит ишора карду гуфт: Нишастҳои мутааддиди раисони ҷумҳури Эрон ва Русия дар моҳҳои ахир нишондиҳандаи рӯйкарди тақвияти равобити ду кишвар аст.

Солорӣ ҳамчунин бо ишора ба такмили роҳи оҳани Қазвин-Рашт-Анзалӣ-Осторо дар Эрон, такмил долони шимол-ҷанубро тасмими муштараки раисони ҷумҳури Эрон ва Русия донист ва гуфт, устони Гелон, заминасоз ва муҷрии ин тасмими муҳим аст.

Эрон, Русия, Ҳинд, ҷумҳури Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Беларус, Уммон ва Сурия аз аъзои долони шимол ҷануб ҳастанд.

Долони ҳамлу нақли байналмилалии шимол–ҷанубро Эрон, Русия ва Ҳинд сентябри сол 2000 дар Санкт-Петербург таъсис карданд.

Ин долон Уқёнуси Ҳинд ва Халиҷ Форсро аз тариқи Эрон ба дарёи Хазар сипас аз тариқи Санкт-Петербурги Русия ба шимоли Аврупо муттасил мекунад.

 

Барчасп