Роҳпаймоии мардуми Эрон дар маҳкумияти тасмими Трамп дар бораи Қудс
Мардуми Эрони исломӣ пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоии густурда дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Эрон тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бораи муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба шиддат маҳкум карданд.
Мардуми саросари Эрони исломӣ дар ҳоле ки овезаву навиштаҳое бо мазмуни ҳимоят аз Фаластин ва таъкид бар роҳи муқовимат дар баробари режими ишғолгари Қудс дар даст доштанд, шиори «Марг бар Амрико!» ва «Марг бар Исроил!» сар дода, парчами ин режимро ба оташ кашиданд.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаию ҷаҳонӣ эълом кард: Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад. Трамп аз Вазорати умури хориҷии Амрико низ хост, то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ин иқдоми Трампро маҳкум кард. Вазорати умури хориҷии Эрон шаби чаҳоршанбе дар баёнияе таъкид кард, иқдоми раисҷумҳури Амрико дар бораи ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ аст. Бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналамилалӣ ҳам ин иқдоми Трампро маҳкум карданд.