Шароити мусовии таҳсили донишомӯзони хориҷӣ бо эронӣ (файли савтӣ)
Мудири кулли омӯзишу парвариши устони Хуросони Разавӣ (шимолу шарқи) Эрон, таъкид кард, барои таҳсили донишомӯзони хориҷӣ дар мадорис, шароити яксон ва мусовӣ бо ҳамтоёни эронӣ, фароҳам аст.
Алиризо Козимӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо ин радио тоҷикии “Садои Хуросон”, гуфт, шиори Идораи омӯзиш ва парвариши ин аст, ки набояд ҳеҷ донишомӯзе бидуни таҳсил бимонад ва фарзандони атбои хориҷӣ, бояд таҳти омӯзиши ройгон қарор бигиранд.
Вай ҳазинаи мутавассити таҳсили ҳар донишомӯз барои як сол дар мадориси давлатии Эрон ва устони Хуросони Разавиро, ҳудуди ду миллиону 500 ҳазор тумон эълом кард ва афзуд, давлати Ҷумҳурии Исломӣ пардохти ин ҳазинаро пазируфтааст.
Маҳди Аминӣ, масъули умури атбои хориҷии Идораи кулли омӯзиш ва парвариши устони Хуросони Разавӣ низ дар ин гуфтгӯи ихтисосӣ таъкид кард, ин устон пас аз устони Теҳрон ҷойгоҳи дуввуми кишварро ба лиҳози теъдоди донишомӯзони хориҷӣ дорост.
Ба гуфтаи вай, дар мадориси устони Хуросони Разавӣ 76 ҳазор донишомӯз аз фарзандони атбои хориҷӣ дар канори ҳамтоёни эронии худ таҳсил мекунанд, ки миёни онон аз нигоҳи имконоти омӯзишӣ ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад.
Аминӣ тасреҳ кард, ба манзури тарбият ва парвариши ин афрод барномаҳои мухталифе, монанди баргузории озмунҳои илмӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва давраҳои тахассусӣ ва амалӣ баргузор мешавад, ки ба рушди фикрии донишомӯзони хориҷӣ ва вуруди онон ба донишгоҳҳои Эрон, кумак мекунад.
Гуфтугӯи бо ду меҳмони барномаро мешунавем: