Декабр 11, 2017 13:20 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Аврупо иштибоҳоти гузаштаро такрор накунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Амрико ғайриқобили эътимод аст ва Аврупо набояд аз Кохи Сафед пайравӣ кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ёддоште дар рӯзномаи “Ню-Йорк Теймз”-и Амрико, нигаронии аслии Эронро думболаравии Аврупо аз Кохи Сафед дар масоил фаротар аз тавофуқи ҳастаӣ, унвон кард ва навишт, Аврупо бояд аз такрори таърих ҷилавгирӣ кунад.

Зариф навишт, посухи Амрико дар 11 моҳи гузашта ба ҳусни нияти Эрон, каҷхулқӣ будааст.

Вай афзуд, ғайриқобили эътимод будани Амрико аз мухолифат бо Паймони мубориза бо тағйироти обуҳавоӣ то масъалаи Қудс, қобили пешбинӣ будааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки қобилиятҳои низомии Эрон комилан дифоӣ ва дар мутобиқат бо қавонини байналмилал аст, навишт, замоне, ки Садом, диктатори Ироқ замоне бо мушакҳои Шӯравӣ шаҳрҳои Эронро бомбаборон мекард, ҷаҳон натанҳо сукут кард, балки ҳеҷ кишваре ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳатто барои ин ки тавони дифоъ дар баробари мутаҷовизро дошта бошад таслиҳот нафурӯхт.

Зариф ҳамчунин бо ишора ба ҳамлаи Арабистон ба Яман навишт, Эрон танҳо ду ҳафта пас аз оғози бомбаборони ваҳшиёнаи Арабистон дар Яман дар марти 2015, тарҳеро барои оташбаси фаврӣ ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ҳамроҳи музокироти миллӣ барои таъсиси давлати фарогир ироа кард, аммо омилони ин буҳрони инсонӣ ва муттаҳидони ғарбии онҳо ҷангро тарҷеҳ доданд.