Пизишкиён : Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ хориҷ аз қонунҳои байналмилалӣ амал накардааст
-
Масъуди Пизишкиён-раиси ҷумҳурии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Санаи Такайчи-нахуствазири Ҷопон
Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо нахуствазири Ҷопон таъкид кард : Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ хориҷ аз қонунҳои байналмилалӣ амал накарда ва ҳамвора барои беҳбуди равобит бо ҳамсоягон талош кардааст.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо Санаи Такайчи-нахуствазири Ҷопон
зимни ташаккур аз дидгоҳҳои мусбати Ҷопон нисбат ба зарурати таваққуфи ҷанг , гуфт : Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ дунболи нооромӣ дар минтақа набуда ва Амрикову режими саҳюнистӣ бо таҷовуз ба Эрон ва террори раҳбари Инқилоби исломӣ ва шаҳодати ҷамъи зиёде аз ғайринизомиён аз ҷумла донишомӯзони Миноб ва тахриби зерсохтҳои ғайринизомӣ муҷиби барҳам задани сулҳу субот дар минтақа шудаанд.
Пизишкиён бо баёни инки Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ хориҷ аз қонунҳои байналмилалӣ амал накарда ва ҳамвора барои беҳбуди равобит бо ҳамсоягон талош кардааст , ибрози умедворӣ кард, ки талошҳои дипломатии Ҷопон барои барқарории сулҳу субот дар минтақа самарбахш буда ва монеъ аз ҷинояту ҷангафрӯзии қудратҳои мутаҷовиз дар минтақа шавад.
Санаи Такайчи-нахуствазири Ҷопон
низ дар ин гуфтугу бар ҳимояти Токио аз равишҳои дипломатӣ барои поёни ҷанг таъкид кард ва онро дар ростои манофеъи дарозмуддати Эрон ва минтақа донист.
Такайчи бо истиқбол аз пешрафти музокироти байни Эрону Уммон дар хусӯси тангаи Ҳурмуз иброз умедворӣ кард : Бо итмоми муваффақиятомези музокирот , масири тараддуд аз тангаи Ҳурмуз ҳар чӣ зудтар бозгушоӣ шавад.
Нахуствазири Ҷопон ҳамчунин аз раиси ҷумҳӯри Эрон тақозо кард, то аз нуфузи Эрон барои ҷилавгирӣ аз афзоиши таниш дар Бобулмандаб истифода кунад.
Дар ин тамоси телефонӣ сарони ду кишвар иродаи худро барои идомаи гуфтугӯҳову тавсеаи равобити торихии ду миллат мавриди таъкид қарор доданд.