Дидори раиси Маҷлиси Ироқ бо мақомоти эронӣ дар Теҳрон
Раиси Маҷлиси Ироқ, ки ба Теҳрон сафар кардааст, имрӯз бо раиси маҷлиси Шӯрои исломӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон дидор кард.
Алии Лориҷонӣ-раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон пас аз дидор бо Салим Ҷабурӣ, ҳамтои ироқиаш ба хабарнигорон гуфт, Эрон ҳифзи тамомияти арзии Ироқро аслӣ муҳим барои эҷоди субот ва амнияти минтақа медонад.
Лориҷонӣ ҳалли буҳрони террористӣ дар дохили Ироқ ва ҳамгароии бештари сиёсӣ дар ин кишварро аз мавзӯоти матраҳ шуда дар дидор бо ҳамтои ироқиаш донист ва гуфт, буҳрони амниятии минтақа аз мушкилоти дохилии Ироқ ҷудо нест ва сарнавишти мусулмонон дар минтақа, ҳам барои мо ва ҳам барои Ироқ нигаронкунанда аст.
Раиси Маҷлиси Ироқ низ дар ин нишасти хабарӣ, нақши Эронро дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва кӯмак ба мардуми Ироқ, бисёр фаъол донист.
Вазири хориҷаи Эрон низ дар дидор бо раиси Маҷлиси Ироқ аз суботи сиёсӣ бавуҷӯд омада дар Ироқ ва нақши боризи ҳамаи раҳбарони ироқӣ дар ин раванд, тамҷид кард ва гуфт, Ироқ дар хати муқадами мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аст ва Эрон дар ҳар шароите дар канори давлат ва миллати Ироқ хоҳад буд.
Зариф таъкид кард, ҳамагон бояд муроқибат кунем, то дастҳои бегонае, ки хоҳони фирқагароӣ ва тафриқа дар минтақа ва Ироқ ҳастанд, муваффақ нашаванд.
Дар ин мулоқоти Салим Ҷабурӣ-раиси Маҷлиси Ироқ, Эронро кишваре бисёр муҳим ва таъсиргузор дар минтақа хонд ва гуфт, муҳимтарин ва фавритарин хатаре, ки ҳамаи минтақаро таҳдид мекунад, терроризм аст ва бояд бо ҳамдилӣ, иттиҳод ва шикаст додани террористҳо оромишро ба минтақа бозгардонем.
Раиси Маҷлиси Ироқ дар сафари худ ба Теҳрон бо раисиҷумҳур ва раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон низ дидор хоҳад кард.