Эрон рекорддори афзоиши нархи нефти сабук дар ОПЕК
Эрон дар ҳафтаи мунтаҳӣ ба понздаҳуми декабр бо як доллару 20 сент афзоиши қимати нефти хоми сабук, дар садри Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) истод ва ҳар бушка аз ин маҳсулро 63 доллару 23 сент фурӯхт.
Нархи нефти хоми сангини Эрон низ як доллару 2 сент барои ҳар бушка афзоиш ёфт ва ба 60 доллар ва 49 сент барои ҳар бушка расид.
Бар асоси пешбинии ОПЕК, дар соли ояндаи мелодӣ тақозо барои нефти тавлидии ин созмон ба 33 миллиону 420 ҳазор бушка дар рӯз мерасад, ки 360 ҳазор бушка нисбат ба бароварди пешини ин созмон бештар аст.
Мизони содироти нефти Эрон акнун ҳудуди 2 миллиону 600 ҳазор бушка дар рӯз аст, ки ҳудуди 60 дарсади он ба бозорҳои Осиё ва бақия ба кишварҳои аврупоӣ, содир мешавад.