Декабр 31, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон баёнияи мудохилаҷуёнаи Канадаро рад кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон мавозеи мудохилаҷуёнаи давлати Канада дар умури дохилии Эронро ноқизи тааҳҳудоти ҳуқуқӣ ва байналмилалии он кишвар ва фоқид ҳаргуна виҷоҳат эълом кард.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба қатли як шаҳрванди эронии муқими Канада тавассути полиси Канада ва посухгу набудани давлати ин кишвар, нодида гирифтани мутолиботу дархостҳои ба ҳаққи эрониёни муқими Канада барои бархурдорӣ аз ҳуқуқи аввалияи консулӣ ва иқоматӣ ба рағми пайгириҳои мустамари эрониён ва Вазорати умури хориҷаи Эронро аз масодиқи сиёсатҳои дугонаи ин кишвар дар қиболи шаҳрвандони эронӣ хонд .

Қосимӣ бо радди баёнияи мудохилаҷуёнаи Вазорати умури хориҷаи Канада дар умури дохилии Эрон тасреҳ кард: Мавозеи Канада бо изҳороти мақомоти олирутбаи он кишвар дар хусуси таомул ва гуфтугӯ бо ҷумҳурии исломии Эрон ҳамхонӣ надорад ва мутаассифона ин адабиёти давлати Канада такрори адабиёти ғалат, ғайримантиқӣ ва нокоромади давлатҳои қаблии Канада зидди мардуми Эрон буда ва мардуд аст .

Бобаки Саидӣ, шаҳрванди бемори эронӣ 23 декабр дар шаҳри Мориссбурги устони Онтариои Канада ба зарби гулулаи полиси ин кишвар кушта шуд. Давлати Канада ҳамвора сиёсату бархурдҳои табъизомезе алайҳи бумиён, муҳоҷирон ва ақаллиятҳои ин кишвар доштааст .

 

 

Барчасп