Зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад
Бо ба роҳ афтодани бархе ошӯбҳои пароканда дар чанд шаҳри Эрон бархе кишварҳои ғарбию арабӣ ва низ режими саҳюнистӣ, ки душманони қасамхӯрдаи Эрон ва эрониён ҳастанд, ба шодӣ ва дастафшонӣ пардохтанд, ки “оре, Ҳукумати Эрон дар ҳоли сарнагунӣ аст”.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо навиштани паёмҳое дар “Твиттер” ба хаёли худ саъй дошт, аз “оби гилолуд моҳӣ бигирад”. Ӯ, ки ҳамин чанд вақт қабл мардуми Эронро террорист номида ва вуруди ононро ба хоки Амрико мамнӯъ карда буд, ҳоло барои эрониён дил месӯзонад. Ин таноқуз дар рафтори Трамп чунон ошкору хиҷолатовар буд, ки Саманта Повер, намояндаи собиқи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ба он вокуниш нишон дода гуфт: «Мо он чунон аз мардуми Эрон ҳимоят мекунем, ки намегузорем, ба Амрико биёянд!». Рӯзномаҳои маъруфи Амрико низ дар ин миён аз Трамп хостанд, беш аз ин бо паёмҳои твиттерияш обрӯи Амрикоро набарад ва дар қиболи авзои Эрон сукут ихтиёр кунад. Вазъи Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ низ беҳтар аз Трамп набуд. Ӯ низ аз ҷониби хадамоти ҷосусии ин режим ба сукут даъват мешуд, то беш аз ин мояи тамасхури худ ва режими Исроилро фароҳам накунад. Дунболаравҳои ин душманони қасамхӯрда низ аз қофила ақиб намонданд ва бо интишори тасовири ошӯбталабии шумори андаке рафторҳоеро, ки муътаризони воқеӣ низ аз он дурӣ ҷустанд ва ба он даст назаданд, "қиёми миллати Эрон" хонданд! Кор ба ҷое расид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук” тасовири бадрафтории пулиси дигар кишварҳо бо муътаризон ва дасти дарози онон ба амволи мардумро ба дурӯғ ба унвони рафтори нерӯҳои пулиси Эрон мунташир карданд, то зеҳни дӯстдорони Эрон ва ё афроди камиттилоъро парешон кунанд. Ин афрод ҳамчунин изҳоротеро матраҳ карданд, ки аз иттилооти андак ва таҳлили заифи онон дар бораи Эрон ҳикоят дошт.
Ин ки дар кишваре бо 80 миллион нафар ҷамъият шуморе аз мардум қасди ҳузур дар хиёбон ва эътироз ба масъалаеро дошта бошанд, на танҳо аҷиб нест, балки собиқа низ дорад ва дар Қонуни Асоси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ин ҳақ ба расмият шинохта шудааст. Он чӣ аҷиб аст, ин аст, ки касоне чун Трамп ва бархе сарону мақомҳои арабӣ, ки иддаои раҳбарии кишварҳо ва миллатҳоро доранд, ба ҳадде дар таҳлил заиф ҳастанд, ки гумон мекунанд, ҳузури чанд ҳазор нафар дар хиёбонҳо ба маънии ба ларза афтодани пояҳои ҷумҳурии исломӣ ва тазъифи давлати Эрон аст. Акнун, ки шаҳрҳои Эрон рӯ ба оромиш меоранд ва мардум дар ҳимоят аз низому давлат ба хиёбонҳо омадаанд, давлати ҷумҳурии исломӣ вазифа дорад, ки ба хостаҳои қонунии мардум таваҷҷуҳ кунад ва то ҳадди тавон хостаҳои ононро бароварда созад. Ҳамчунин бояд омилони хисорат ба амволи хусусӣ ва умумӣ шиносоӣ ва муҳокима шаванд. Муҳимтар аз он бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар ошӯбҳои хиёбонӣ чандин шаҳрванд, аз ҷумла ду донишомӯз, як пулис ва як посдор ҷон бохтаанд, бояд омилони ин ҷиноятҳо шиносоӣ шаванд ва ҳар кӣ ва дар ҳар либосе, ки ҳастанд, ба сазои амали худ бирасанд.
Оре, эътирозҳо ба поён мерасанд, аммо ононе, ки гумон мекунанд, бо сӯистифода аз эътирозҳои маданӣ метавонанд Эронро ба Сурияи дигар табдил кунанд, бояд бидонанд, ин орзуи онон ҳеҷ гоҳ ранги воқеият ба худ намегирад. Нобихрадоне чун Трамп, Ибни Салмон ва Натаняҳу низ бояд бидонанд, ки “зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад”.