Бақоӣ: Иддао дилсузии Аврупо барои ҳуқуқи башари эрониён риёкории маҳз аст
-
Исомили Бақоӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей- Исмоили Бақоӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти Коё Колос масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо навишт: Иддао дилсузии Аврупо барои ҳуқуқи башари эрониён риёкории маҳз аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Исомили Бақоӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти Коё Колос масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мабни бар нигарони нисбат ба вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон дар шабакаи "X" навишт: Колос аз нигаронии ҳуқуқи башарии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи Эрон сухан мегуяд, аммо шигифтовар аст, ки ин дуктурини ҳуқуқи башари чигуна ҳамзамон бо ҳимоятҳои лаҷестики ва фанни аз ҳамалоти низомии ғайриқонуни зидди мардуми Эрон ва зерсохтҳои як кишвар созугор мешавад, аммо бо маҳкум кардани ҷиноятҳои ошкори зидди башари ё ҳатто ибрози ҳамдардии сода барои кудакони қитъа қитъа шудани эронӣ на.
Вай афзуд: Ин рафторҳо фақат аз байн рафтани эътибор нест ибтизоли шар ва авҷи риёкори аст.