Август 27, 2016 18:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, вуруди гардишгарони хориҷӣ тайи 2 соли гузашта ба Эрон, ду баробари миёнгини ҷаҳонӣ будааст.

Масъуди Султонифар-раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон имрӯз шанбе дар нишасти Шӯрои идории устони Кирмон (ҷануби Эрон) афзуд, саҳми Эрон аз назари теъдоди гардишгар ва даромад дар бахши гардишгарӣ тайи соли гузашта (2015) ним дарсад будааст, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳдофи санади чашмандози 20 сола, бояд ин саҳм ба ҳудуд 2 дарсад афзоиш ёбад.

Вай бо ишора ба даромади ҳазору 476 миллиард долларии гардишгарӣ дар ҷаҳон, дар сол (2015) тасреҳ кард, соли гузашта 5 миллиону 200 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Эрон сафар карданд.

Султонифар ҳамчунин гуфт, ҳудуд 50 дарсадии гардишгарон ба Эронро гардишгарони мазҳабӣ ва зиёратӣ ташкил медиҳанд ва Эрон метавонад аз бахши гардишгарии ҳалол даромади хубе касб кунад.

Вай афзуд, дар омади кунунии Эрон аз гардишгарӣ 7,5 миллиард доллар аст, ки бояд ба 35 миллиард доллар бирасад.

Султонифар хотирнишон кард, гардишгарони хориҷӣ пас аз бозгашт ба кишваршон таъбирҳои бисёр хубе аз Ҷумҳурии Исломии Эрон доранд ва муътақиданд Эрон, бархилофи таблиғоти расонаҳои саҳюнизм ва империализм аз низоми пойдори хубе бархӯрдор аст.