Мужда ба дӯстдорони омӯхтани хати ниёгон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i30889-Мужда_ба_дӯстдорони_омӯхтани_хати_ниёгон
Барномаи омӯзиши хати ниёгон (форсӣ) ба зудӣ дар сайт ва радиои Садои Хуросон оғоз мешавад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 05, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Мужда ба дӯстдорони омӯхтани хати ниёгон

Барномаи омӯзиши хати ниёгон (форсӣ) ба зудӣ дар сайт ва радиои Садои Хуросон оғоз мешавад.  

Радиои тоҷикии Садои Хуросон бо кумаки устодони Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад омӯзиши хати форсиро дар сайту радио дар ояндаи наздик оғоз мекунад.

Ин барномаи омӯзишӣ дар бахшҳои кӯтоҳи ду то се дақиқаӣ дар радио дар қолаби барномаи ҳафтагӣ ба омӯзиши хату забони форсӣ мепардозад ва барнома ба сурати тасвирӣ низ дар сайт боргузорӣ хоҳад шуд.  

Садои Хуросон тамошои ин маҷмуа барномаро ба ҳамаи алоқамандони омӯхтани хати форсӣ тавсия мекунад.