Дидору гуфтугӯи раиси ҷумҳӯри Эрон бо раҳбари муаззами Инқилоб
Август 09, 2026 19:51 Asia/Dushanbe
-
Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ
Порс тудей - Масъуди Пизишкиён , раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон рӯзи якшанбе ҳамзамон бо шурӯи сеюмин соли раёсати ҷумҳурӣ , бо ҳазрати оятуллоҳ Саидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ , раҳбари муаззами Инқилоб дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ , дар ин дидор ба тафсил дар бораи масоилу мушкилот ба вижа таъмини ниёзҳои маъишатии мардум , шароити мавҷуди ҷанги таҳмилии сеюм ва ояндаи пеши рӯ , таҳаввулоти ҳавзаи низомӣ , роҳкорҳои нозир ба таъмини манобеъ ва мудирияти масорифи « риёлӣ , арзӣ ва энержӣ » ва ҳамчунин таъомули иқтисодӣ бо тарафҳои хориҷӣ табодули назар шуд .
Барчасп