Шашумин бурҷи мухобиротии ҷаҳон хомӯш мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i31708-Шашумин_бурҷи_мухобиротии_ҷаҳон_хомӯш_мешавад
Бурҷи “Мелод”-и Теҳрон ба унвони шашумин бурҷи мухобиротии ҷаҳон, имшаб (шанбешаб) ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии “Соати Замин” барои ҳаштумин сол паёпай, ба муддати як соат хомӯш хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 24, 2018 15:36 Asia/Dushanbe
  • Шашумин бурҷи мухобиротии ҷаҳон хомӯш мешавад

Бурҷи “Мелод”-и Теҳрон ба унвони шашумин бурҷи мухобиротии ҷаҳон, имшаб (шанбешаб) ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии “Соати Замин” барои ҳаштумин сол паёпай, ба муддати як соат хомӯш хоҳад шуд.

Мудири бурҷи “Мелод”-и Теҳрон ҳадаф аз ин иқдомро ҳамкории ҷамъӣ ва ҷаҳонӣ барои ҳифозат аз Замин эълом кард.

Алии Дарвешпур афзуд: “Ҳама вазифа дорем, ба унвони нигаҳбони Замин ба он эҳтиром бигузорем”.

 Сандуқи Ҷаҳонии Ҳаёти Ваҳш (WWF) тарҳи “Соати Замин”-ро аз соли 2007 барои нахустин бор дар Австралия иҷро кард, ки бо истиқболи мардуми саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд ва акнун беш аз 128 кишвари ҷаҳон дар ин тарҳ мушорикат доранд.

Бар асоси ин тарҳ, дар охирин шанбеи моҳи марти ҳар сол миллионҳо нафар аз мардуми ҷаҳон чароғҳои изофиро ба муддати як соат (аз соати 20: 30 дақиқа то 21: 30 дақиқа) хомӯш мекунанд.

Ин тарҳ бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар масрафи энержӣ, муқобила бо тағйироти обуҳавоӣ ва коҳиши олудагиҳои зистмуҳитӣ ба сурати як ҳаракати ҷаҳонӣ иҷро мешавад.