Август 30, 2016 12:49 Asia/Dushanbe
  • Эрон - соҳиби ҷойгҳои аввал дар робита ба дороиҳои бонки исломӣ

Раиси кулли Бонки марказии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дар ихтиёр доштани беш аз 37 дарсади дороиҳои бонкии мутобиқ ба шариат дар робита ба дороиҳои бонки исломӣ ҷойгоҳи аввалро касб карда.

Валиюллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон имрӯз, сешанбе, дар Ҳамоиши бонкдории исломӣ дар Теҳрон афзуд, арзиши кулли дороиҳои мутобиқ  ба шариат дар ҷаҳон ба беш аз ду миллиард доллар расидааст, ки ҳудуди як миллиарду панҷсад миллион доллари он ба дороиҳои бонкӣ ихтисос дорад. Ӯ таъкид кард, бонкдории исломӣ пас аз буҳрони молии соли 2008 дар сатҳи байналмилалӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт ва акнун маҳсулоту хадамоти он аз як бозори билқувваи думиллиарднафарӣ дар ҷаҳон бархурдор аст, ки бисёре аз афроди ғайрмусалмон ба ин бозор тамоюл доранд. Сайф ҳамчунин гуфт, ҳамркорӣ бо бонкдории байналмилалӣ ба унвони заруратҳои таҳаққуқи банкдории исломӣ дар Эрон буда, истифода аз фиқҳу аҳкоми шариат дар низоми бонкӣ аз ҷумлаи зерсохтҳои муҳим дар тавсеаи дониши бонкдории исломӣ аст.

Раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳазфи риборо аз фаъолиятҳои бонкӣ муҳимтарин рукни бонкдории исломӣ баён карда, афзуд, Эрон ҷузъи кишварҳои ангуштшуморе аст, ки бо тасвиби Қонуни амалиёти бонкии бидуни рибо саъй дар ҳазфи рабо аз фаъолиятҳои бонкии худ кардааст.

 

Барчасп