Пешниҳоди Эрон ба Русия: Омӯзиши форсӣ ва русӣ дар мактабҳои ду кишвар
(last modified Fri, 20 Apr 2018 10:21:36 GMT )
Апрел 20, 2018 15:21 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Эрон ба Русия: Омӯзиши форсӣ ва русӣ дар мактабҳои ду кишвар

Вазири омӯзишу парвариши Эрон ба Русия пешниҳод кард, забонҳои форсӣ ва русӣ дар мактабҳои ду кишвар ба унвони забони дувум омӯзиш дода шавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Батҳои рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Вячеслав Никонов раиси Кумитаи омӯзиш ва улуми парлумони Русия дар Маскав гуфт: Давлати Эрон қасд дорад инҳисори омӯзиши забони англисӣ ба унвони забони хориҷӣ дар мактабҳо шикаста шавад ва дигар забонҳо ба вижа русӣ низ дар Эрон густариш ёбад.

Вазири омӯзишу парвариши Эрон афзуд: Дар сурати омӯзиши забони форсӣ дар мактабҳои Русия, Эрон низ метавонад дар қолаби тафоҳумномае омӯзиши забони русиро дар мактабҳои худ оғоз кунад.

Вячеслав Никонов раиси Кумитаи омӯзиши парлумони Русия бо истиқбол аз ин тарҳ дар бораи вазъияти омӯзиши забони форсӣ дар Русия гуфт: Ҳамакнун забони форсӣ дар бархе аз марказҳои омӯзиши олии Русия, аз ҷумла Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав омузиш дода мешавад.

Вазири омӯзишу парвариши Эрон ба даъвати Олга Василева вазири омӯзиши Русия ва ба манзури ширкат дар иҷлоси байналмилалии ICT дар омӯзиш ва панҷумин намоишгоҳи байналмилалии омӯзиши Москва (MIEF), ки аз 18 то 21 апрел 2018 дар Маскав баргузор мешавад, ба Русия сафар кардааст.