Апрел 25, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳазинаи зери по гузоштани БАРҶОМ барои Амрико бисёр болост

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, агар Амрико аз БАРҶОМ хориҷ шавад, болотарин ҳазинаро дар ҷаҳон пардохт хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар Табрез, шимолу ғарби Эрон, тасреҳ кард, сиёсати хориҷии муваффақ, боло бурдани ҳазинаи душман аст ва агар Амрико БАРҶОМ-ро зери по бигузорад, болотарин ҳазинаро барои ин кишвар ва поинтарин ҳазинаро барои Эрон хоҳад дошт.

Рӯҳонӣ гуфт, бо руйи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико, ин кишвар ҳамвора эълом кардааст аз БАРҶОМ хориҷ хоҳад шуд, аммо ба иллати ҳазинаи болои хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон токунун натавонистааст ин тасмимро иҷроӣ кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон ба истиснои ду кишвар бар зарурати ҳифзи БАРҶОМ таъкид доранд ва эълом мекунанд, хуруҷи Амрико аз ин санад иштибоҳ аст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки миллати Эрон дар масире қадам бардошта, ки бузургтарин қудрати низомии ҷаҳон ва кишварҳои бисёре дар қолаби он тааҳҳуд доранд, афзуд, раисиҷумҳури Амрико, ки ба қавли худаш душандаи хубе аст, ба баҳонаи ин ки Эрон хатарнок аст, кишварҳои минтақаро тороҷ мекунад.