Рӯҳонӣ: Санъати нафт барои Эрон маҷмуае роҳбурдӣ аст
Раисҷумҳури исломии Эрон санъати нафтро барои ин кишвар, маҷмуае роҳбурдӣ донист, ки сабаби ғурури миллии эрониён аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз боздид аз бисту севумин Намоишгоҳи байналмилалии нафт, газ, полоиш ва петрошимӣ, дар ҷамъи мудирони ширкатҳои санъати нафт аз талошҳои санъатгарони ин бахш қадрдонӣ кард ва санъати нафтро маҷмуае роҳбурдӣ донист.
Рӯҳонӣ таваҷҷуҳ ба рӯҳияи умед, нишот ва ғурури миллиро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт: Коре, ки имрӯз ширкатҳои нафти Эрон анҷом медиҳанд, танҳо як кори иқтисодӣ нест, балки дастоварди бузурги он, беш аз ҳар чиз додани рӯҳияи умед, нишот ва ғурур ба мардум аст.
Раисҷумҳури исломии Эрон афзуд: Мардум бояд аз фаъолияти ширкатҳои донишбунён ва корофринони худ эҳсоси ғурур кунанд ва ин бархурдорӣ аз рӯҳияи ғурури миллӣ ва умед ва нишот як сармояи бузург маҳсуб мешавад.