Июл 04, 2018 17:57 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои маънодори суханони раисҷумҳур аз қалби Аврупо

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон сешанбе шаб дар ҷамъи эрониёни муқими Австрия дар Вена бо таъкид бар инки миллати Эрон ҳеҷгоҳ дар баробари зӯр ва таҳқир таслим намешавад, хотирнишон кард, дар тӯли таърих ҳар таҷовузе ба ҳуқуқи миллати Эрон маҳкум ба шикаст будааст.

Раисҷумҳури исломии Эрон пеш аз сафар ба Вена дар Берн низ дар суханоне сареҳ ва маънодор дар ҳамоиши иқтисодии Эрон ва Швейтсария гуфт: “Паёми мо аз баргузории ин иҷлос ин аст, ки дар дунёи имрӯз якҷонибагароӣ дар ҳеҷкдом аз бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва зистмуҳитӣ ё дигар бахшҳо роҳгушо нест”.

Вай тасреҳ кард, амрикоиҳо иддао мекунанд, мехоҳанд пулҳои иртиботии Эрон бо ҷаҳонро қатъ кунанд, аммо ҳаргиз нахоҳанд тавонист ба ин ҳадаф бирасанд, онҳо қудрати мутлақаи олам нестанд.  

Рӯҳонӣ асри душанбе дар ҷамъи эрониёни Швейтсария дар вокуниш ба таҳдидоти Трамп дар хусуси қатъи комили содироти нафти Эрон гуфт: "Яке аз амрикоиҳо гуфта буд, ки мехоҳем нагузорем аслан Эрон нафт содир кунад, қоидатан ӯ маънии ин ҳарфро хеле наметавонад таҳлил кунад”.

Навзар Шафеӣ, коршиноси масоили байналмилал ва намояндаи собиқи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар робита бо паёми ҳушдоромези Рӯҳонӣ дар Швейтсария мабнӣ бар инки имкон надорад, нафти минтақа содир шавад ва нафти Эрон содир нашавад, мегӯяд: "Сиёсати хориҷӣ арсаи мубодила паёмҳо аст ва Эрон низ дар ҳоли рӯнамои аз абзорҳои қудратӣ аст, ки дар ихтиёр дорад. Ҳамчунон, ки вазири кишвар низ гуфтааст, ки агар 24 соат чашмонашро рӯи ҳам бигузорад, беш аз як миллион паноҳанда аз марзҳои ғарбӣ ба Аврупо мераванд”.

Алаин Берсет, раисҷумҳури Швейтсария сешанбе дар ҳамоиши иқтисодӣ, ки бо ҳузури руасои ҷумҳури Эрон ва Швейтсария ва фаъолони тиҷории ду кишвар дар Берн баргузор шуд, гуфт: Тамаддуни Эрон ва сатҳи болои фарҳанги эрониён муҳимтарин тазмин барои равобити хуби ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо аст.  

Гузашта нишон медиҳад, ки ҳаргоҳ бо миллати Эрон бо забони таҳрим ва таҳдид сухан гуфта шавад, азми Эрон барои истодан муқобили зӯр бештар ва қавитар мешавад.